ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф борида, тормеғ мефарояд

Январь 29, 2022 08:22

ДУШАНБЕ, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гардида, қисман абрнок шуда, дар водиҳо баъзан борон, дар баъзе  ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо барф, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарби вилоят барфи бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2-3 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориш (борон, барф) дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм  ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борону барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона – 2+3, дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

Январь 29, 2022 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!