ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво номусоид гардида, борону барф меборад

Январь 28, 2022 08:09

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гардида, боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 23-28 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 30-35 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 3-2 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳаргоҳон асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон асосан бебориш (0-0,5мм), рӯзона дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа хунук, рӯзона 9+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 1-4 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон бебориш дар назар буда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борони суст борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Январь 28, 2022 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд