ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор шуда, барф меборад
ДУШАНБЕ, 21.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои водӣ ва доманакӯҳӣ борон ба барф мубаддал гардида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. 21 ва 24 январ дар ноҳияҳои алоҳида фаромадани тормеғ (туман) дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи пешгӯӣ ҳавошиносони мамлакат, дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ ҳаво рӯзона то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ҳамин рӯзҳо бо сабаби зиёдшавии қабати барф дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар ноҳияҳои тобеи марказ, дар қисмати шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб яхбандӣ ва хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Дар шаҳри Душанбе 22 январ борон ба барф табдил ёфта, тормеғ (туман) мефарояд. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳаво шабона 5-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа гарм то 4 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо низ барф меборад.
Дар вилояти Суғд 22 ва 23 январ боридани барф, вазидани шамоли сахт ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 3 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар кӯҳҳо то 9 дараҷа хунук мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, дар мавзеи Булункул то 40-42 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад. 22 январ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят боришоти сусти барф ба амал меояд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво рӯзона дар водиҳо 2+7 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. 22 январ ҳавои тағйирёбанда дар еазар дошта шуда, дар баъзе ҳолатҳо барфи суст ва фаромадани туман дар назар аст.
АКС аз бойгонӣ АМИТ «Ховар»








Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст






