Қоидаҳои вуруд ба Ҷумҳурии Узбекистон тибқи тартиби нав ҷорӣ мегарданд

Январь 14, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Узбекистон аз 15 январи соли равон қоидаҳои вуруд ба ин кишвар тибқи тартиби нав ҷорӣ мегарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.

Тибқи тартиби нав:

— шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ПСР-тести манфии сироят аз коронавирус дошта бошанд, ки на дертар аз 48 соат то расидан ба Ҷумҳурии Узбекистон дода шудааст;

— дар сурати надоштани ПСР-тести манфии сироят аз коронавирус супурдани экспресс-тест дар фурудгоҳ, вокзал ва гузаргоҳҳо дар марз талаб карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки моҳи декабри соли 2021 низ мақомоти Узбекистон талаботи марбут ба карантинро барои шаҳрвандони якчанд  кишварҳои хориҷӣ сангинтар карда буданд.

Он замон шаҳрвандони ба Узбекистон аз хориҷа воридмешуда уҳдадор шуда буданд, ки бояд бо худ гувоҳнома (сертификат) бо натиҷаи манфии ПСР-тест ба сирояти коронавирус дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони расидан дода шудааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки мусофироне, ки ба қаламрави Узбекистон аз Австралия, Австрия, Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Дания, Исроил, Италия, Нидерланд, Чехия ва Миср ворид мешаванд, бояд ба муддати 10 рӯз ба карантин фаро гирифта шаванд ё 10 рӯзро аз ҳисоби худ дар меҳмонхона гузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон штамми нави «омикрон»-и коронавирус ба қайд гирифта шуда, пурзӯр кардани чораҳои пешгирӣ ва ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон ба он марбут аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 14, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад