«ОМӮЗГОР — ЧАРОҒИ РӮЗГОР». Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат китоби нав интишор гардид

Январь 23, 2022 08:44

ДУШАНБЕ, 23.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ китоби «Омӯзгор-чароғи рӯзгор» таҳия ва нашр гардид, хабар доданд ба АМИТ  «Ховар» аз Донишгоҳи омӯзгорӣ.

Китоб ба хотири  нишон додани дастовардҳои соҳаи маориф дар замони истиқлол, мушкилот ва дурнамои соҳа, ки дар Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон таъкид шудаанд, инчунин  ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеаи муосир нашр гардида,  фарогири се бахш аст.

Дар китоби мазкур симои омӯзгор, масъалаҳои мубрами таълиму тарбия ва илму маориф дар партави суханрониҳо, паёмҳо ва таълифоти Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ инъикос  шудаанд. Муҳимияти суханрониҳои Сарвари давлат дар он зоҳир мегарданд, ки зимни ироаи онҳо масъалаҳои мубрами мактабу маориф, роҳҳои бурунрафт аз мушкилоти мавҷуда ва дурнамои соҳа бо дидгоҳи нав мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Силсилаи мақолаҳои ҳайати профессорону омӯзгорони ДДОТ ба номи С.Айнӣ, бавижа мақолаҳои профессорон Нуъмонҷон Ғаффорӣ ва Саидмуроди Хоҷазод «Сифатҳои воло ва самараи мактаби давлатдории Пешвои миллат», Рухшона Восиева «Нақши муассири Пешвои миллат дар рушди илму маориф», Бобоҷон Самиев «Омӯзгор – шахсияти калидии низоми таълиму тарбия дар ҷомеаи муосир», Абдусамад Муллоев «Шахсият, симо ва мақоми омӯзгор», Акобир Мирзораҳимов  ва Тоҳирҷон Сатторов «Таваҷҷуҳ ба тавсеа ва рушди илмҳои табиӣ -риёзӣ ва дақиқ дар паёмҳои Пешвои миллат» доир ба нақшу ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа дар китоб фароҳам омада, қисмате аз онҳо масъалаҳои меҳварии соҳаро дар партави суханрониҳо, таълифот ва Паёмҳои Пешвои миллат ба риштаи пажӯҳиш кашидаанд.

Китоб барои устодон, муаррихон, пажӯҳишгарон, кормандони соҳаи маориф, хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

 АКС: ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Январь 23, 2022 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад