«ПРОТОКОЛҲОРО МЕБОЯД ҚАТЪИЯН РИОЯ НАМУД!». Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов даъват намуд, ки дар ҳалли низоъҳо дар марз бояст ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эътимод карда шавад
ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни нишасти хабарӣ оид ба натиҷаҳои гуфтушунидҳо ба риоя нашудани тавофуқоти қаблан ҳосилшуда чун омили ба амал омадани муноқишаҳои нав ишора намуд. Суханронии ӯ дар Youtube ҷой дода шудааст.
«Дур шудан аз санадҳои ҳуқуқӣ, дурӣ ҷустан аз санадҳои имзошуда боиси ихтилоф мегардад», — иброз дошт Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.
Ӯ зикр намуд, ки бояд сабабҳои асосии ихтилофро бартараф ва баъдан аз рӯи моҳияти масъалаҳо қарор қабул намуд.
«Мебояд на бо зуҳурот, балки бо моҳияти масъала пеш рафт ва аз рӯи моҳияти мавзӯъ қарори ниҳоӣ қабул кард. Вақте мо доир ба моҳият сухан мегӯем, манзурамон мутобиқат бо қонунҳост. Мо дар бораи санадҳои ҳуқуқӣ мегӯем, ки бояд ҳамеша ва бечунучаро риоя карда шаванд. Ва ин санадҳои ҳуқуқӣ бояд дар асоси ризоият ва иродаи тарафайн амалӣ шаванд»,-гуфт генерал-полковник Саймумин Ятимов
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон афзуд, ки ҳангоми ҳалли низоъҳое, ки дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба амал меоянд, ҷонибҳо ба муқаррароти санади бунёдӣ — протоколи солҳои 1924-1927 ва ҳамчунин протоколи баробарҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон, ки соли 1989 ба имзо расонида шуда буд, инчунин протоколҳое, ки аз ҷониби комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расидаанд, такя мекунанд, ки манфиатҳои ҳарду миллатро инъикос менамоянд.
Зимни музокирот оид ба ҳалли низоъ дар марз ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки протоколи №3-и комиссияи байниҳукуматӣ аз 1 майи соли 2021 дар амал татбиқ карда шавад, зикр кард Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Мо ба хулосае омадем, ки дар ҷараёни гуфтушунид бояд ҳуҷҷатҳои асосие, ки дар натиҷаи кори комиссияҳои баробарҳуқуқи мо ба имзо расидаанд, ба назар гирифта шаванд. Мо ба мувофиқа расидем, ки талаботи протоколҳо бояд қатъиян иҷро карда шаванд», — афзуд Саймумин Ятимов.
«Мо аз рӯи бандҳои имзошудаи ин протокол, ки қаблан эълон шуда буданд, кор хоҳем кард. Расо баъди 8 рӯз комиссияҳои баробарҳуқуқ оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ ба кор шурӯъ мекунанд. Ин кор бо мақсади ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ пайваста анҷом дода мешавад. Ояндаи наздик мо ҷамъ омада, кори ин комиссияҳоро баррасӣ хоҳем кард», — тазаккур дод ӯ.
Генерал-полковник афзуд, ки ҳарчанд имрӯз оид ба натиҷаҳои мулоқот ҳеҷ санаде ба имзо нарасид, аммо чизҳое ҳастанд, ки аз протокол арзишмандтаранд.
«Мо қавл додем, дасти ҳамдигарро фишурдем, ки ҳар он чизеро, ки мувофиқа ва муҳокима кардем, дар амал татбиқ менамоем. Ин масъалаҳо, бешубҳа манфиатҳои ду халқи бародарро инъикос мекунанд», — таъкид намуд Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) Саймумин Ятимов ва Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар робита ба муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаи наздисарҳадии ду кишвар, ки 27 январ рух дод, гуфтушунид анҷом доданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд






