Русия барои дастгирии Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо мекунад
ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи Русия барои дастгирии Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон ба Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (WFP) 2 миллион доллари ИМА ба таври иловагӣ ҷудо менамояд. Ин маблағ барои хариди маводи ғизоӣ тақрибан ба 2000 мактаби кишвар бо мақсади бо хӯроки гарм таъмин кардани мактаббачагон сарф карда мешавад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар нишасти матбуоте, ки ба ин муносибат ороста шуд, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода, мушовири Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Вазири маориф ва илм Маҳмадюсуф Имомзода изҳор дошт, ки «оли 2022 бо мақсади амалӣ намудани стратегия ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 42 мактаби таҷрибавӣ дар 20 шаҳру вилояти ҷумҳурӣ барои бо хӯрок таъмин намудани хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 5,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Бо кӯмаки техникии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд, ки механизми истифодаи маблағҳои аз буҷети давлатӣ ҷудошударо таҳия менамояд. Боиси хушнудист, ки дар соли ҷорӣ Федератсияи Русия барои Барномаи ғизои мактабӣ 2 миллион доллари иловагӣ ҷудо кардааст, ки имкони татбиқи барномаҳоро дар ин вазъияти душвори санитарию эпидемиологӣ афзоиш медиҳад. Ҳамчунин, дар ин самт ба фароҳам овардани шароити зарурии санитарӣ ва гигиенаи шахсии хонандагон, ки ҷузъҳои муҳими раванди ғизои мактабӣ ва дар маҷмуъ рушди солими хонандагон ба шумор меравад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад».
Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон дар соли 1999 роҳандозӣ шуда, дар аввал ҳудуди панҷ ҳазор кӯдакро дар 33 мактаб фаро мегирифт. «Имрӯз 50 дарсади мактабҳои деҳоти 52 шаҳру вилояти кишвар дар Барномаи ғизои мактабӣ ширкат мекунанд. Аз соли 2005 Федератсияи Русия бузургтарин донори барнома гардид. Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии Барномаи ғизои мактабӣ беш аз 50% хонандагони синфҳои 1 то 4-ро дар тамоми мактабҳои кишвар фаро мегирад. Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2027 тасдиқ ва амалӣ намуда истодааст, ки ба таъмини аҳолӣ, дастгирӣ ва таҳкими саломатӣ, беҳбуди шароити ва баланд бардоштани сифати таълими хонандагон тавассути рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», — афзуд Маҳмадюсуф Имомзода.
Мушовири Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов таъкид кард, ки «Ғамхорӣ баҳри насли навраси Тоҷикистони дӯст яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мост. Русия аллакай беш аз 82 миллион долларро барои Барномаи ғизои мактабӣ дар ҷумҳурӣ дар рӯҳияи иттифоқчигӣ ва шарикии стратегӣ, ки кишварҳои моро 30 сол боз бо ҳам мепайвандад, ҷудо намудааст».
Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам гуфт, ки «ин саҳм барои мактаббачагони тоҷик хеле муҳим аст. Тавассути ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии доимии Федератсияи Русия Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби БОҶ барои таъмин кардани кӯдакон бо ғизои солим мусоидат мекунад, ки ба рушду инкишофи солими онҳо аҳамияти калон дорад».
«БОҶ ҳамчунин ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии техникӣ мерасонад ва кӯшишҳои онро баҳри идора ва ҳамоҳангсозии Барнома дар саросари кишвар дастгирӣ мекунад», — зикр кард Адҳам Мусаллам.
Барномаи ғизои мактабӣ калонтарин лоиҳаи БОҶ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки аз соли 2013 аз ҷониби Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад. Дар доираи он хонандагони синфҳои аз 1 то 4 аз 2000 мактаби 52 ноҳия ва шаҳри ҷумҳурӣ мунтазам бо хӯроки гарми солим таъмин карда мешаванд.
Соли 2021 муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор тонна маводи ғизоӣ дарёфт карданд, ки имкон дод ҳудуди 440 ҳазор хонандаи мактаб бо ғизо таъмин гарданд.
Консепсияи такмили хӯроки мактаббачагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои асосӣ, самтҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи рушди хӯроки мактабӣ муайян менамояд. Татбиқи он барои арзёбии умумии вазъ ва таҳияи тадбирҳои минбаъда оид ба таъмини хонандагон бо ғизои солим, рушди неруи таълимӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар замина гардид.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»