«САГВАФО». Имрӯз ба зодрӯзи муаллифи ин ҳикояи марғуб Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо 93 сол пур мешавад
ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи адиби забардаст, Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо 93 сол пур мешавад. Ӯ 5 январи соли 1929 дар деҳаи Даҳани Шоли ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1949 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм ва чанде муаллимӣ кардааст. Муддате корманди маҷаллаи «Шарқи Сурх» будааст. Соли 1956 Курси олии адабиётро дар Москва ба поён расонда, солҳои тӯлонӣ котиби масъули Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизони сулҳ будааст. Соли 1952 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ва СССР) пазируфта шуда, соли 1994 сазовори унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст. 26 августи соли 2006 вафот кардааст.
Асарҳои Ғаффор Мирзо аз солҳои 40-уми асри мозӣ чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Аз самими дил» (1952), «Ҳазор раҳмат» (1954), «Дил дар кафи даст» (1962), «Аз гаҳвора то майдон» (1981), достонҳои «Асрор» (1957), «Тоҷи давлат» (1958), «366 паҳлӯ» (дар чаҳор қисм; 1963, 1964, 1970, 1972), «Нору Нур» (1972), дуҷилдаи осор (1979-1980), романи манзуми «Фарзанди ҳукумат» (1983) ва ғайра мебошад.
Барои бачагон асарҳои дилчаспе навиштааст, ки «Санговдавак» (1953), «Баррача рӯяд аз замин» (1953), «Чилдухтарон» (1956), «Гунҷишкак» (1961, 1964), «Достак» (1961, 1965), «Шайтони бекафшу маҳсӣ» (1963, 1964), «Як қатра Офтоб» (1965), «Кадом ҳунар беҳтар аст?» (1971), «Гулҳои дастабаста» (1974) аз он ҷумлаанд.
Дар матбуот чанд ҳикояи хубаш чоп шудааст. Очеркҳояш дар байни хонандагон маълуму машҳуранд, ки дар маҷмӯаҳои «Сафари диёри дӯстон» (1960), «Ҷовидонӣ» (1965) ва «Меҳнат мукофот аст» (1977) гирд омадаанд.
Анқариб даҳ маҷмӯаи ашъораш дар нашрияҳои бонуфузи Москва ба русӣ ба табъ расидаанд. Шеърҳои алоҳидааш ба бисёр забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.
Осори алоҳидаи В. Маяковский, Н. Некрасов, Ш. Петефи, Н. Ҳикмат, А. Сурков, П. Воронко, А. Твардовский ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Чанд мақолае, ки дар бораи масоили рушду камоли адабиёт ва забони тоҷикӣ навиштааст, бесуд набудаанд.
Аммо ҳоло мо дар зер як ҳикояи бисёр марғуби ӯ «Сагвафо»-ро ҳамчун ёдкард аз адиби хушбаён пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ мегардонем ва дар фарҷом хоҳем навишт, ки барои чӣ мо аз ин асари муаллиф ёдовар шудем.
Ғаффор МИРЗО
САГВАФО
(ҳикоя)
…Онҳо, зану шӯ, фарзанд надоштанд ва баъд аз се соли хонадорӣ, вақте ки умедашонро аз бача канданд ва хотирҷамъ шуданд, кучук гирифтанд. Кучук сагбачаи одии таҳҷоӣ, аниқтараш ҳамхуни куттаи подабонӣ ва рубизи шаҳрӣ буд, лекин азбаски ҳанӯз якмоҳа нашуда буд, хеле ширин ва дилҷӯ менамуд, чашмакони монанди солуки занбӯр сип-сиёҳи ӯ аз шавқу завқи бачагона лабрез буданд, шӯхи серқилиқ ва бозингар буд, яъне дар оила ҷои бачаро нагирифта бошад ҳам, ба мисли лӯхтаки зинда ҳамчун бозича ва дастхуши кулӯлаи пахмоқи ҷондорак он ду калонро машғул медошт ва хурсанд мекард. Хусусан, марди хонаро. Ӯ ба ин ҷонварак чунон меҳру муҳаббат баст, ки рӯзона ба он лаби дунё рафта бошад ҳам, бегоҳӣ бешубҳа гашта меомад. Соати ба хона баргаштан ӯро ба дақиқаи хумори тамоку монанд шуда буд: ҳамин ки вақташ омад – тамом, ҳеҷ касу ҳеҷ чиз ӯро манъ ва маътал карда наметавонист. Кучук ҳам ба ҷадвали бозгашти соҳиби меҳрубон ва кӯдакмиҷози худ одат карда буд.
Чанд дақиқа пеш аз омадани ӯ тӯбчаву пишакчаи резиниашро бо ҳама гуна бозиву ғалтанаку ҷастухез як сӯ мемонд ва дар паси дар ҷо мегирифт. Фукашро ба рахнаи дар ниҳода, берунро зуд-зуд ва чуқур-чуқур бӯ мекашид, аз бетоқатӣ ва беқарорӣ винг-винг мекард ва дарро мехарошид. Ва ҳангоми аз дар даромадани соҳибаш хурсандие зоҳир мекард, ки ягон рӯз дилкаф ва шодимарг шуданаш ҷои тааҷҷуб надошт. Инро соҳибаш ҳамон рӯз аз дил гузаронд ва тахмин намуд, ки ба хона дер баргашт ва ҳангоми вохӯрӣ кучукча аз шиддати шодию хурсандӣ қад-қад парид. Лекин муносибати кучукча ва зани соҳибхона ин зайл самимӣ ва гарму ҷӯшон набуд. Аз рӯзи аввал кучукча сард ва сохта будани меҳрубонӣ ва навозиши ӯро бо инстинкти бобоии худ пай мебурд. Пай мебурд ва метарсид. Метарсид ва кӯшиш мекард, ки бо ягон қилиқ ё кирдори ношоиста ӯро наранҷонад ва қаҳри ӯро набиёрад. Баъзан ҳатто ба марди хона, ки сагбача ӯро аз ҷонаш бештар дӯст медошт, гапгардонӣ мекард, лекин ба ҳар як имову ишорати зани хона гӯшбақимор меистод, ҳар як фармони ӯро ҳамон замон ба ҷо меовард. Ҳангоми дар хона дуяшон мондан кучукча бозию талош намекард, ба рӯи палосчаи худаш ба шикам зада, фукашро ба болои ду панҷааш мегузошту аз симои зани соҳибхона чашм наканда ба ӯ менигарист. Менигарист ва майдатарин, нозуктарин зарраи зуҳуроти ҳиссиёти ӯро дошта мегирифт, ба хотир медошт ва омода буд, ки ӯ фармояд ва ин ба ҷо орад.
Зани соҳибхона монанди тамоми намояндаҳои ҷинси хеш аввал чунон мӯҳтоҷ ва интизори кӯдак буд, ки гӯё кӯдак наёбад, мемурад. Лекин чун боварӣ ҳосил кард, ки безурёт аст, ба бебахтии худ қоил шуд, ба тақдири худ
тан дод ва оҳиста-оҳиста ба айби худ одат кард. Ҳамин ки одат кард, бачаҳоро бад медидагӣ шуд. Пештар лафзи ширин ва қилиқҳои дилфиреби кӯдакон дар ким-куҷои дили ӯ ба тори маҳини меҳри модарӣ расида мегузаштанд ва он тор дуру дароз ширин-ширин меларзид, ки дили ӯ гум мезад. Вале ҳангоме, ки ба айби худ одат кард, он тор занг зад, ба як қабати заҳраи ғафс пӯшида шуд, ки ба он расида гузаранд ҳам, акнун ба ҷуз ҳиссиёти ғаш ва ғиҷин дар ӯ чизеро бедор карда наметавонист. Вақтҳои охир бошад, худаш ҳис мекард, ки он ғашу ғиҷини оддӣ ва нафрат ба бадбинии сиёҳу чуқур табдил ёфта истодааст.
Ҳатто як маротиба аз таҳти дил хост, ки ба тухми он қирон ояд. Ин фикр рӯзе ба сараш чарх зад, ки кӯдаки ҳамсоя химчаро ба кӯлмак кӯфт ва чилчаи оби лойолуд ба домани ӯ парид.
Айёми кучукии сагбача бисёр тез гузашт, вале на аз таъсири хӯрду хӯрок ва нигоҳубини нағз, балки аз таъсири вуҷуд, аз сирояти нигоҳи он зан, ки сартосар сириштаи як ҳиссиёти ҳамчу кобус сиёҳу вазнин ва онро ба воситаи биотокҳо ба гирду атрофи худ паҳн мекард. Ва азбаски кучукча дар пайбарии ҳиссиёти пинҳон аз соҳиби худ нозуктар ва ҳассостар буд, инро мефаҳмид ва азоб мекашид. Чун дар пеши пои модагург ҷони худро кулӯла медошт.
Чунон фишурда ва чунон кулӯла, ки аз шиддати чунин ҳолат оқибат девона шудан мумкин аст. Ин тазъийқи пайваста ба қафаси танге монанд буд, ки сагбачаро ҷисман калон шудан намемонд, вале дар ҷисми кучуконаи ӯ як ҳиссиёти бузурги саги калонро маҷбурӣ ҷо мекард. Дар натиҷа он на ба отаи куттаи худ, на ба очаи рӯбаҳмонанди худ, балки ба ким-чи хел як ҷонвараки нестандарҷаҳон монанду калон шуда, дӯстрӯии кучуконаи худро, ки яке аз воситаҳои хушомад ва рӯзгузаронии сагони безот аст, рӯз то рӯз бештар ва бештар гум мекард. Оқибат «омад ба сарам, аз он чӣ метарсидам» гуфтагӣ барин, он рӯзе, ки кучук омаданашро хеле пеш ба тарс пай бурда буд, расид.
– Мардак, бас будагист акнун. Хуб бозӣ кардӣ, хуб машғул шудӣ, ҳавасат аз сагпарастӣ ҳам шикаст. Акнун несташ кунӣ ҳам, мешавад, – гуфт як рӯз зани соҳибхона ба шавҳараш.
– Несташ кунам? Чӣ тавр? – нафаҳмид мард.
– Сагро чӣ тавр нест мекунанд? Ба дасти сагкушҳо месупоранд. Ё агар бераҳмӣ намояд, ба ягон кас ҳадяаш мекунанд. Лекин охир ин хунуку тунуки туро кӣ ҳамчун ҳадя қабул мекунад. Бар, дар ягон ҷои дур сараш деҳ, ки хонаро наёбад ва гашта наояд.
– Занак, о ин мискин ба мо тангӣ намекунад-ку?! Истад-чӣ? – тавалло кард мард.
– Кучук буд, тангӣ намекард. Ман ӯро ҳамчун дилхушии ту меғунҷондам. Акнун калон шудааст, дилхушие надорад. Ба болои ҳама «ҳунарҳои» дигараш боз тӯда мекардагӣ ҳам шудааст. Бар, нест кун, – гуфт қатъӣ зани соҳибхона.
Саг ба мард ва мард ба саг нигоҳ мекарданд. Ҳамон сонияе, ки чашмони одам ба чашмони саг ба паллаҳои тамоман баробарвазни тарозуи ғаму ҳасрат монанд шуда буданд, ҳамин буд.
Мард имрӯз як чиз, пагоҳаш чизи дигареро баҳона карда, ду-се рӯз тадбире наҷуст ва ба қароре наомад. Аммо таънаву надомати зан рӯз то рӯз меафзуд ва хонаро ба сарои дуову дашному ҳақорат табдил медод. Ниҳоят мард фарёде зад, ки ёли саг хест, зан бошад ҷуволбандро аз даҳони ҷуволи тайёр карда мондааш партофта, гилаву таънаву надомат ва ҳазор гуна дуову дабараи дигари худро ба сари ӯ ҷуволакӣ рехт ва дар охир ҷамъбаст кард:
– Аз сарат монад ҳам хонаат, ҳам сагат! Гап якто, хоҷасагпараст: агар ҳамин рӯз несташ накунӣ, манн қадамамро ба хона намемонам! – гуфт ва сумкаашро гирифта баромада рафт.
«Кошкӣ намемондӣ, — беихтиёр гузашт аз дили мард. -Кошкӣ намемондӣ ва ман ба ин осонӣ аз ту халос мешудам! Лекин афсӯс, ки мегӯиву намекунӣ».
Дар даҳлез, дар ҳамон ҷое, ки истода буд, мард сари по нишаст ва сари сагро бо ду кафи даст гирифта наздик овард ва ба чашмони ӯ нигоҳ карда гуфт:
– Чӣ кор кунам, ҷонвари безабон? Худат медонӣ, ки ман ба ту одат кардаам. Ба саг не, ба ту, ба як ҷонвари аз ҷинс инсӯтар ва ба инсон наздик одат кардаам. Туро ба кӯча партофтан кӯдакро ба кӯча партофтан аст. Кӯдакеро, ки барои тарбия мегиранд, вале аз ӯҳдааш набаромада, аз сар соқиташ карданӣ мешаванд. Чӣ кор кунам, кошкӣ хушрӯ мешудӣ, ё ҳеҷ набошад, каҷу килеби ғалатӣ мешудӣ, ки шавқи ягон касро меовардӣ. Ҳеҷ ҷои шавқовар надорӣ, ҷонвар. Не, дорӣ, чашмони хушрӯи бамаънӣ дорӣ. Лекин ба чашми саг нигоҳ мекардагӣ касро аз куҷо меёбӣ? Эҳ бечора, бечора! – самимӣ афсӯс хӯрд мард ва пешонаашро ба таври муқаррарӣ ба пешонаи саг расонда бархост…
… Ҳардуи онҳо, саг пеш-пеш ва соҳибаш аз қафо, аз хона баромаданд ва ба сӯи гараж раҳсипор шуданд. Саг давида чанде пеш аз соҳибаш ба дарвозаи гараж расида, фукашро ба таги дарвоза хаста, бӯ мекашид, ханҷол мекард ва гаштаю баргашта ба сӯи соҳибаш нигариста, бесабрии бачагона зоҳир менамуд. Соҳиби ӯ дар ҳавлӣ бо яке аз ҳамсоягони худ чанд сония маътал шуд, саг давида омада, аз домани ӯ гирифт ва ба сӯи гараж кашола кард.
Онҳо хандиданд. Саг дар ҳақиқат рӯзи якшанбе мошинсаворӣ ва дар талу теппаҳои беруни шаҳр ҷасту хез карда гаштанро бисёр дӯст медошт. Ин аст, ки чун бача бетоқатӣ мекард ва ба маътал шудани соҳиби худ сарфаҳм намерафт. Бинобар ин баробари кушодани дари мошин саг ҷаҳида ба кабина даромаду бӯсидагӣ барин карда рӯи соҳиби худро хеле зуд ва озод лесида монд. Ин қилиқ ҳам ӯро одат шуда буд.
Саг аз тирезаи пушти мошина тамошо мекард ва намефаҳмид, ки чаро имрӯз кӯчаҳо ин қадар ношиносанд.
«Пештар ба як нишебе мефаромадем ва аз сар шуданаш мошина фурӯ меафтидагӣ барин мешуд ва дил ҳиққӣ мекард. Баъди он кӯҳҳо сар мешуданд. Имрӯз ҳеҷ не, ки он нишеб ояд».
Оқибат мошин қарор кард. Вале дар ҷое қарор кард, ки ба манзараҳои сайру гашти пешинаи онҳо ҳеҷ монанд набуд. На кӯҳ, на пушта, на сабза. Чор дарахти баланд дар паси як рахна, ки як вақт девор буд, акнун бошад, бо як пора релс ва чандин симу тунукаву оҳанпораҳои гуногунҳаҷм ва гуногунвазифа бетартиб ва каҷу килеб русташ карда монда буданд. Хӯҷаин фаромад ва дари пасинаи мошинаашро кушод. Саг ҳам ҷаҳида берун шуд. Берун шуд, вале мисли пештара ҷастухезу ғалтанаку даводави худро сар накард. Балки сарашро бардошта, ба чашмони соҳиби худ бо аломати савол нигоҳ кард ва интизори фармон шуда истод.
Хӯҷаин дар пеши ӯ чунгур нишаст ва сари ӯро ба ду кафи даст гирифта гуфт:
– Бубахш маро, азизам. Медонам, ки ту ҷонатро аз ман дареғ намедорӣ. Медонам, ки мемирию аз баҳри манн намегузарӣ. Лекин ту сагӣ ва ман одамам. Одамон, албатта ба манфиати худ, одат ва қоидае бароварданд, ки саг метавонад барои одам ҷон диҳад, вале одам барои саг ҷон додан он тараф истад, аз баҳри чизе, амале, мақоме гузашта наметавонад. Бубахш, ки ман ҳам дар вуҷуди худ қудрате, шуҷоате, девонагие пайдо накардаам, то ин қоидаи худбинона ва худписандонаи фарзанди инсонро вайрон кунам. Ту сагӣ ва ман одамам, вале дар айни ҳол мехостам, ки ба ҷои ту бошам. Ман-ку ба ҷои ту буданро мехоҳам, вале оё ту мехоҳӣ, ки ба ҷои ман бошӣ? Не, намехоҳӣ. Наметавонӣ. Агар медонистӣ, ки ҳозир бо ту чӣ кор карданиям, аз ман, аз ман барин одамаки нотавон, нангин ва бевафо нафратат меомад. Хайр, азизам, насибаат ҳамин будааст. Ё агар тақдири нек дошта бошӣ, мумкин аст соҳиби аз ман одамтареро ба ту насиб бинад. Хайр, бубахш эй саг, одамро…
Хӯҷаин пешонаашро ба пешонаи саг ниҳода чанд сония хомӯш истод ва сонӣ тезу қатъӣ бархоста ба мошина нишасту газ дода ғайб зад. Саг ҳайрон-ҳайрон аз пушти мошини саросема дур шуда истода нигоҳ кард ва ҳангоме, ки вай аз назар ғоиб шуд, сар фуроварда пайҳои соҳибашро чуқур-чуқур бӯ кашиду ба гирди худ як гирд гашта, ба рӯи онҳо ҳалқа зада хобид.
Саг, мегӯянд, заминҷунбиро се соат пеш, бӯйро аз як фарсанг, душманро аз як нигоҳаш, дуздро аз як қадамаш ва боз ҳазору як чизи дигарро аз одам пештар ва аниқтар пай мебарад. Вале хиёнати дӯстро намефаҳмидааст. Дар вуҷуди худ ҳамин хел узве надоштааст, ки маънии хиёнат ва бевафоии дӯстро ба майнаи содаи ӯ бурда расонад. Ин аст, ки ӯ айнан ба рӯи пайҳои соҳиби худ ҳалқа зада хобид ва хаёл кард, ки соҳибаш посбонӣ кардани онҳоро ба ӯ фармуда рафт.
Кӯча дур набуд. Садои сигнал ва шарфаи чархҳои мошинаҳо аввал ба гӯши ӯ расида мегузаштанд. Ӯ ҳар замон як садо ва як шарфаро медошту сар медод, медошту сар медод. Интизор буд, ки ҳозир ё замони дигар шарфаи чархи мошинаи соҳибашро мешунавад, ӯро мебинад ва сари худро боз як бори дигар дар миёни панҷаҳои ҷонбахши ӯ ҳис мекунад.
Шаб наздик меомад. Садоҳо торафт камтар мешуданд.
Як зану як мард, ки аз ҳардуяшон бӯи собун ва оби гарм меомад, аз паҳлӯи ӯ гузашта, ба ҳамон девори шикаста даромада рафтанд. Писараки велосипедсаворе ба гирди ӯ як чарх зада, аввал хост думи ӯро зер карда гузарад, лекин сонӣ аз фикраш гашту кордор нашуд.Чароғҳои шаҳр дар гирифтанд. Вале на торикии он майдонча, на торикии фикру хаёли он саги мунтазирро равшан карда натавонистанд. Ними шаб як села сагҳои кӯчагард пайдо шуданд ва ҳар кадоми онҳо ӯро банавбат бӯ кашида гузашт. Саги калони серпашми гӯшбуридае, ки сардори он села ва аз афташ, ҳокими ҳамин гирду атроф буд, ба ӯ як «иур-р» гуфт, вале дид, ки ин саги навомад ба ҳокимии ӯ муқобил нест, дигар начақид. Ҳатто ба бозӣ гузашт, иҷозат дод ва илтимос кард, ки ӯ ҳам ба ин селаи озоди шабгард қатӣ шавад. Якчанд дақиқа кайфу сафои озодию шабгардиро бо забони қилиқҳои аҷоибу ғароиб ба ӯ намоиш дод. Ташвиқоти гӯшбурида бетаъсир намегузашт, агар ӯ вазифадор намебуд, агар пайҳои хушбӯ ва азизи хӯҷаини худро посбонӣ намекард.
Сагҳои кӯчагард, ки аз ин гуна вазифа ва ҳиссиёт умуман бехабар буданд, чизе нафаҳмида, ӯро ба ҳоли худаш монда рафтанд.
Шаби кӯча аз шаби хона чандин баробар дарозтар будааст. Саг инро фаҳмид. Қариби субҳ ӯ бархост. Аввал борашро ба по, сонӣ ба даст андохта, хамёза кард ва пайҳои соҳибашро боз як бори дигар бӯ кашида боварӣ ҳосил намуд, ки онҳоро касе надуздидааст, баргашта ба рӯяшон хобид.
Рӯз шуд. Садоҳо барқарор гардиданд. Гушнагӣ ба ёдаш наомад, вале ташнагӣ дар тасаввури ӯ ҳамчун гули алов як шукуфту хомӯш гардид. Ҳамон бачае, ки бегоҳӣ бо велосипедаш думи ӯро пахш карда гузаштанӣ буд, акнун пиёда дар даст портфел мактаб мерафт. Ӯ наздиктар омад ва дид, ки ҳамон саг дар ҳамон ҷояш ҳоло ҳам наҷунбида хобидааст, хуб ҳайрон шуд. Саг ба ӯ аҳамият надод. Сонӣ бача ба ёд овард, ки сагҳои девона ҳамин хел хаппак мешаванд, ӯро якбора воҳима гирифт ва гурехта рафт.
То пешин ҳеҷ воқеае рӯй надод. Соҳибаш наомад. Вале ягон каси дигар ҳам ба ӯ кордор нашуд. Аммо баъд азпешин боз ҳамон бача, ки ин дафъа ду-се рафиқашро ҳамроҳ оварда буд, пайдо шуд. Онҳо аз дур истода, аввал ба ӯ санг партофтанд. Як-ду-се санг ба ӯ расида бошад. ҳам, ӯ на ин, ки сар набардошт, балки сарашро чуқуртар панаҳ карда аз ҷояш наҷунбид. Бачагон сангпартоиро бас карда, шерак шуданд ва наздиктар омаданд. Вале маълум буд, ки ҷасорати онҳо дар нӯги гӯши саг овезон аст: ҳамин ки ҷунбид, мегурезанд. Онҳо чанд дақиқа дар гирди ӯ чарх зада, бо ҳазор гуна валвалаи аҳмақона сагро азҷояш хезонда гурезонданӣ мешуданд, вале наметавонистанд. Оқибат як бача, ки аз дигарон шердилтар ва боақлтар буд, бо навозиш наздик шуда, хост, ки сари сагро сила кунад. Лекин дид, ки саг намехоҳад. Ӯ саги худашро ба ёд овард: агар устухонро аз пеши ӯ гирифтанӣ шавад, айнан ҳамин хел дӯстона уррос мезанад. Яъне «ман туро дӯст медорам, лекин бо вуҷуди ин ба устухон даст нарасон». Ин саг ҳам сар набардошта, ӯро айнан ҳамин хел хабардор кард.
– Ин саг девона нест, – эълон кард бача ва айнан монанди он гӯшбуридаи шабона дастаи худро гирифта рафт. Аммо даҳ дақиқа нагузашта буд, ки ҳамаи онҳо гӯшту ҳасибу нон гирифта баргаштанд. Дар пеши саг дар як замон як тал хӯрок пайдо шуд. Лекин саг ба таом нигоҳ ҳам накард. Вай ҷобаҷо насиби ҳамон сардори гӯшбурида шуд, ки имшаб ҳам бо селаи шабгарди худ ҳамчун шабохун гузашту рафт.
Ду шабу ду рӯз. Се шабу се рӯз. Чор шабу чор рӯз. Овозаи саги аҷоиб торафт паҳн мегардид ва аз ду-се маҳалла гузашта ба афсона табдил меёфт.
Бомдоди рӯзи ҳафтум, вақте ки хӯҷаин аз бистари хоб бархост, гӯши ӯ ҷарангос зад ва он ҷарангос ба садои нолиши саги ӯ хеле монанд намуд. Дили ҳанӯз аз саг наканда, виҷдони ҳанӯз наосуда ва раҳму шафқати ҳанӯз карахш набастааш ӯро маҷбур карданд, ки зуд либос пӯшида, автомобилашро бароварда, аз паҳлӯи ҳамон майдончаи ҷинояти худ гузаре кунад.
Саги беҳолу бемадор аз дур, аз миёни ҳазору як гунасадову шарфаи мошинаҳои дигар шарфаи чархҳои автомобили соҳиби худро шунид. Шодие, ки аз ин шарфа ҳосил шуд, дар ҳақиқат бузург буд, вале азбаски ғаму кулфати якҳафтаинаи ӯ аз ҳадду андоза гузашта буд, он шодӣ ӯро ба по хезонда натавонист. Ӯ як сар бардошт, мошинаи соҳибашро дид ва пеши чашми ӯро сиёҳӣ гирифт.
Соҳиби саг гумон намекард, ки ӯро меёбад. Боварӣ дошт, ки саг дар ҷустуҷӯи роҳи хона дарбадар ва кӯчабакӯча шудааст. Лекин ана ин андеша, ки саг дар чунин ҳолат метавонад ҳафт рӯз не, ҳафтод рӯз аз ҷояш наҷунбида хобад, ҷон диҳад, вале нахӯрад, нанӯшад, наравад – ба гирду гӯшаи хаёли он мард нагашта буд. Азнақлу ривоятҳои вафодории саг огаҳ буд, вале онҳоро афсона мепиндошт. Бинобар ин баробари дидани сагаш азоби ҳафтрӯзаи ҳайвони бечораро якбора тасаввур кард вааз дарду алам, аз айбу гуноҳ ва аз шарму ҳаё ба мурдани худ худро розӣ ҳис кард.
«Худоё худовандо! Чӣ қадар аблаҳам ман, ки ҳамин ҳиссиёти оддии сагон – вафодории сагона ба ёдам нарасидааст!» – гузаронд аз дил соҳиби саг ва сари ӯро бо ду кафи даст бардошта ба чашмони бенур ва ифлос гардидаи ҷондори безабон нигоҳ кард. Саг зӯр зад, ки аз ҷо хезад, вале қувват надошт, ки тани пӯсту устухоншудаи худробардорад.
«Не, гуноҳамро бояд харам! То забон набарорию «бахшидам» нагӯӣ, намегӯям, ки аз гуноҳам гузаштаӣ, – фикр кард соҳиби саг ва ӯро ба рӯи ду даст бардошта, ба кабинаи мошин бурд. – Хас барин сабук шудааст, бечора!».
P.S. Инак, ба чӣ хотир мо ин ҳикояи Ғаффор Мирзоро ба ёд овердем? Албатта дар бораи вафо ва садоқати саг ба одам аз тарафи эҷодкорони машҳури олам асарҳои зиёд офарида, филмҳои фаровон ба навор гирифта шудаанд. Вале ин мавзӯъ куҳна намешавад ва дар замони мо низ чун як мавзӯи муҳим ва ҷаззоб боқӣ мондааст. Дар айёми ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳо, рақобати қудратҳо, мутассифона, муҳаббати байни инсонҳо, муҳаббати одам ба олами набототу ҳайвонот коҳиш ёфтааст. Ва хушунати одамон на танҳо ба одамон, балки ба ҳайвонот низ бештар шудааст.
Бинобар ин, 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии хушунат дар оила» қабул гардида буд. Чанде пеш, дар охири соли гузашта Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду санади нав қабул кард, ки онҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо карда шуданд ва ба ҳукми амал даромаданд. Тибқи ин санадҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда, ҷавобгарӣ барои бераҳмӣ нисбат ба кӯдакон ва ҳайвоноту паррандагон пурзӯр карда шуд.