Сардори Раёсати МТС: Ҳадаф аз ирсоли неруҳои посдори сулҳи СААД ин таъмини амният ва осудагии аҳолии осоиштаи Қазоқистон аст
ДУШАНБЕ, 7.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бояд дуруст дарк намоем, ки ташаббуси ирсоли неруҳои посдори сулҳи СААД дастҷамъона буда, мақсади ягонаи он таъмини амният ва осудагии аҳолии осоиштаи Қазоқистон мебошад. Ин нуктаро cардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Ҳидоятзода дар мақолаи худ таҳти унвони «Чанд мулоҳиза оид ба иштироки афсарони тоҷикистонӣ дар ҳайати неруҳои посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон», ки имрӯз дар сомонаи МТС нашр гардид, зикр намудааст.
Ба андешаи коршинос, нақши неруҳои посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он афсарони Ҷумҳурии Қазоқистон низ шомил буданд, дар истиқрори сулҳ дар кишвари мо хеле калон аст. Дар солҳои 90-уми асри гузашта зиёда аз 50 нафар афсарони қазоқистонӣ ба хотири таъмини амнияту субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро на танҳо муносибатҳои неки солҳои соҳибистиқлолӣ, балки таъриху фарҳанг, таҷрибаи зиндагии якҷоя дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар омилҳои муҳим бо ҳам пайванд менамоянд. Мутаассифона, Ҷумҳурии Қазоқистон, ки яке аз шарикони муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, имрӯзҳо гирифтори мушкилӣ гаштааст.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 сентябри соли 2021 афсари қазоқистонӣ Батрканов Раҷан Армиевич бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени «Спитамен» дараҷаи 1 қадрдонӣ карда шуд. Ин нишонаи қадрдонии хизматҳои афсарони қазоқистонӣ дар таъмини сулҳу субот дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар маҳсуб меёбад.
Вазъияти муташанниҷ роҳбарияти олии Қазоқистонро водор сохт, ки ҷиҳати пайдо намудани ёрии иттифоқчиёни худ ба СААД муроҷиат намояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи анъанаҳои неки ҳамсоягӣ ва принсипи инсондӯстона қарори дастҷамъонаи ҳампаймононро дастгирӣ намуда, барои ба ин кишвар сафарбар намудани неруҳои посдори сулҳ дар ҳайати неруҳои посдори сулҳи СААД иқдом намуданд.
АКСҲО аз манбаъҳои боз








Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд
Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор шуд






