Сардори Раёсати МТС: Ҳадаф аз ирсоли неруҳои посдори сулҳи СААД ин таъмини амният ва осудагии аҳолии осоиштаи Қазоқистон аст

Январь 7, 2022 17:37

ДУШАНБЕ, 7.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бояд дуруст дарк намоем, ки ташаббуси  ирсоли неруҳои посдори сулҳи СААД дастҷамъона буда, мақсади ягонаи он таъмини амният ва осудагии аҳолии осоиштаи Қазоқистон мебошад. Ин нуктаро cардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Ҳидоятзода дар мақолаи худ таҳти унвони «Чанд мулоҳиза оид ба иштироки афсарони тоҷикистонӣ дар ҳайати неруҳои посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон», ки имрӯз дар сомонаи МТС нашр гардид, зикр намудааст.

Ба андешаи коршинос, нақши неруҳои посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он афсарони Ҷумҳурии Қазоқистон низ шомил буданд, дар истиқрори сулҳ дар кишвари мо хеле калон аст. Дар солҳои 90-уми асри гузашта зиёда аз 50 нафар афсарони қазоқистонӣ ба хотири таъмини амнияту субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро на танҳо муносибатҳои неки солҳои соҳибистиқлолӣ, балки таъриху фарҳанг, таҷрибаи зиндагии якҷоя дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар омилҳои муҳим бо ҳам пайванд менамоянд.  Мутаассифона, Ҷумҳурии Қазоқистон, ки яке аз шарикони муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, имрӯзҳо гирифтори мушкилӣ гаштааст.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 сентябри соли 2021 афсари қазоқистонӣ Батрканов Раҷан Армиевич бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени «Спитамен» дараҷаи 1 қадрдонӣ карда шуд. Ин нишонаи қадрдонии хизматҳои афсарони қазоқистонӣ дар таъмини сулҳу субот дар кишвари мо аз ҷониби  роҳбарияти олии кишвар маҳсуб меёбад.

Вазъияти муташанниҷ роҳбарияти олии Қазоқистонро водор сохт, ки ҷиҳати пайдо намудани ёрии иттифоқчиёни худ ба СААД муроҷиат намояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи анъанаҳои неки ҳамсоягӣ ва принсипи инсондӯстона қарори дастҷамъонаи ҳампаймононро дастгирӣ намуда, барои ба ин кишвар сафарбар намудани неруҳои посдори сулҳ дар ҳайати неруҳои посдори сулҳи СААД иқдом намуданд.

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Январь 7, 2022 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд