Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе пешниҳод намуд, ки дар пойтахт соли 2022 «Соли рушди сифати таҳсилот» эълон карда шавад

Январь 29, 2022 11:51

ДУШАНБЕ, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Танҳо дар арафаи соли нави таҳсили 2021-2022  барои 7760 хонанда ба маблағи 251 млн. 686 ҳазор сомонӣ биноҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ин иқдом дар  соли 2022 боз ҳам вусъат ёфта, бунёду  навсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар 22 муассиса барои 19026 нафар хонанда дар як баст ва 11 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 2134 ҷой идома доранд. Соли 2022 дар шаҳри Душанбе «Соли рушди сифати таҳсилот» эълон карда шавад.

Ин матлаб дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022, ки  28 январ баргузор гардид, баён шуд.

Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  ҷаласа муовини Вазири маориф ва илм Гулчеҳра  Ғанизода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Қ. Муҳиддинзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Б.Исмоилзода, аъзои ҳайати мушовара, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии пойтахт новобаста аз шакли моликият иштирок намуданд.

Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода зикр кард, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро масъалаи муҳимтарини  ҷомеа  номида, ғамхорӣ ба ин соҳаи тақдирсозро ғамхорӣ ба ояндаи миллат ва давлат меноманд.

-Воқеан, маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат мебошад. Айни замон шумораи тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии пойтахт    30739 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 80 фисади кўдакон дар 92 кўдакистонҳое, ки аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ мешаванд, ба тарбия фаро гирифта шудаанд,- афзуд Баҳром Исмоилзода.

Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе изҳор  дошт, ки «масъалаи таъминоти кадрӣ дар низоми таҳсилоти томактабӣ ҳалли худро ёфта, айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе 1676 нафар мураббиён ва кормандони омӯзгорӣ фаъолият доранд. Ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 53 нафар зиёдтар аст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 1623 нафарро ташкил медод. Дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 192 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 9 адад мақоми ҷумҳуриявӣ, 12 адад мақоми шаҳридошта, 133 адад муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои пойтахт маблағгузоришаванда, 12 адад муассисаҳои таълимии тобеи ташкилоту корхона ва 26 адад муассисаи таълимии хусусӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба соли гузашта дар умум 41 адад зиёд мебошад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 268402 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 56002 нафар (соли таҳсили гузашта 212400 нафар) зиёд аст. Ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ 11213 нафар омўзгор (8716 нафар зан) фаъолият дорад, ки нисбат ба соли гузашта 1771 нафар зиёд буда, ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба 9442/7254 нафар баробар буд.Соли 2021 146 нафар мутахассисони ҷавон бо роҳхат ҳозир шуда, ба кор таъмин шуданд. Воситаи дигаре, ки донишандўзии мустақилонаи хонандагонро раҳнамоӣ менамояд ва ба баланд гардидани сифати таҳсилот таъсири мусбӣ мерасонад, ин ҷалби хонандагон ба хондани асарҳои бадеӣ мебошад».

Зикр гардид, ки дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар доираи талаботҳои муқарраргардидаи озмун 63 нафар иштирок намуда, 27 нафар аз рӯи номинатсияҳо ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд. Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе бо даст овардани 27 ҷой мақоми аввалро соҳиб гаштанд. Вобаста ба ин, аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад, ки соли 2022 дар муассисаҳои таълимӣ «Соли мутолиаи китоб» эълон карда шуда, озмунҳои гуногун байни омўзгорон, мураббиён, хонандагон вобаста ба мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ ташкил ва баргузор карда шавад.

Ёдоварӣ шуд, ки дар соли 2021 тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12513 хатмкунандаи синфи ёздаҳ 9362 нафар ба Муассисаҳои олии кишвар, инчунин 891 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти хориҷи кишвар дохил шуданд. Ин нишондод дар соли таҳсили сипаришуда мутаносибан ба 9150 нафар ва 625 нафар баробар буд. Соли гузашта хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар умум 663 ҷойҳои ифтихориро ба даст оварда (144 медали тилло, 230 медали нуқра, 289 медали биринҷӣ), дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ сазовори мақоми аввал гаштанд, ки 422 медал ба муассисаҳои таълимии буҷавӣ тааллуқ дорад. Таҳлили 5 соли охир нишон дод, ки аз 12 ба 422 медал расидааст, ки нишондод аз дуруст ба роҳ мондани рушди ҳаракати олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ дарк медиҳад.

Дар ин самт, фаъолияти Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Мактаби байналмилалии Президентӣ, Гимназияи №1, Литсейи №2, Гимназияи №74, Литсейи №3, Литсей барои хонандагони болаёқат равияи иқтисодӣ, Гимназияи №2, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 55, 8, 56, 51, 48, 21 назаррас мебошад. Аз рӯи олимпиада оид ба Шоҳмот дастаи олимпии Душанбе -1 сазовори Ҷом, ҷойи аввал ва ғолиби мутлақ байни минтақаҳои ҷумҳурӣ дониста шуд.

Ҳамзамон, 140 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (15 нафар ҷойи якум, 41 нафар ҷойи дуюм ва 84 нафар ҷойи сеюм) гардиданд, ки дар муқоиса ба соли гузашта, 29 ҷойи ифтихорӣ зиёд мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки 4 нафар омўзгори шаҳри Душанбе ғолиби озмун «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» — Ҳушанг Собиров омӯзгори литсей интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Асадулло Шарипов омӯзгори литсейи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фароғат Рӯзиева ва Азизбек Зумратов омӯзгорони литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе гаштанд.

Таи ду сол аст, ки мураббиёни шаҳри Душанбе — аз муассисаи таҳсилоти томактабии №152-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон – 2020» ва мураббӣ аз кӯдакистони № 64-и ноҳияи Шоҳмансур Ғаниева Фирӯза Ғафуровна «Мураббии соли Тоҷикистон-2021» дониста шуданд, ки ин боиси фараҳмандии аҳли маорифи шаҳр аст.

Натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» нишон дод, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ 350 нафар довталабон иштирок намуданд, ки аз ин шумора 75 нафар ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд. Аз 75 ҷойи ифтихорӣ 45 ҷойро довталабони шаҳри Душанбе ишғол намуданд ва аз ин шумора 13 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 30 нафар донишҷӯён ва 2 нафар ходимони илм буда, дар умум 60%-и умумии ғолибонро ташкил доданд.

Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 167 нафар довталаб иштирок намуд, ки аз он 70 нафар ғолиб дониста шуда, дар даври ниҳоии озмуни мазкур ширкат намуданд, ки аз он 43 нафарашонро хонандагони муассисаҳои таълимӣ ташкил медиҳанд.

Яке аз омили баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дараҷаи азхудкунии хонандагон ин таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ мебошад. Айни замон муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дорои 2127 кабинетҳои фаннӣ буда, 181 адад кабинети физика, 151 адад кабинети химия, 178 адад кабинети биология, 112 адад кабинети география, 199 адад кабинети математика, 291 адад кабинети технологияи информатсионӣ, 93 адад кабинети суруд ва мусиқӣ, 98 адад тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, 101 адад таърих, 174 адад забони хориҷӣ, 236 адад кабинети лингафонӣ, 129 адад технология (писарона) ва 142 адад технология (духтарона), 33 адад нақшакашӣ, 10 адад шоҳмот, 14476 адад компютер, 1493 адад тахтаи электронӣ ва 1609 адад проектор мавҷуд аст.

Вобаста ба таҳлилҳои қайдгардида пешниҳод менамоем, ки соли 2022 дар шаҳри Душанбе «Соли рушди сифати таҳсилот» эълон карда шавад.

Дар робита ба раванди тарбия дар соли 2021 корҳои назаррасе анҷом дода шуда, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор Сарраёсати маориф ва шуъбаҳои маориф тибқи нақши чорабиниҳои муштарак вохўриҳои судманд бо падару модарон, роҳбарони синфҳо, хонандагони синфҳои болоӣ ва фаъолони ҷомеа оид ба моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқӣ, бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ, омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, ҳидоят ба ҳифз ва дӯст доштани марзу буми кишвар, ободонию бунёдкорӣ ва риояи маданияти шаҳрдорӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои пойтахт гузаронида истодааст.

Боиси зикр аст, ки бо мақсади рушди бонизоми соҳаи маориф соли 2021 аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 628 миллион 932 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ки рушди устувори соҳаро таъмин намуд. Пеш аз ҳама музди меҳнати омўзгорон, мураббиён ва кормандони соҳа пурра пардохт гардида, қарздории музди меҳнат мавҷуд нест.

Дар ҷамъбаст сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода изҳори боварӣ намуд, ки кормандони соҳаи маорифи пойтахт ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баланд гардидани сифати таълиму тарбия минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ фаъолият менамоянд.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2021 қаноатбахш арзёбӣ гардида, Нақшаи кори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои соли 2022 тасдиқ шуд.

Сипас ба таври тантанавӣ муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ф.Худоёров, муовини сардори Раёсати таъминоти методӣ А.Маллаев  ва сармутахассиси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе А.Ёров бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон барои гузоштани саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳо дар соли 2021 роҳбарони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо «Ифтихорнома»-и Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

АКСҲО: Сарраёсати маорифи ш. Душанбе

Январь 29, 2022 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид
«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ доир гардид
АШҚОБОД – БАРОДАРШАҲРИ ДУШАНБЕ. Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ соли 2017 ба имзо расида буд
ЧӢ ВА ЧАНД СОМОНӢ МЕФУРӮШАНД. Имрӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз шуданд