«SOMON AIR»: Мақомоти авиатсионии АМА барои мусофироне, ки аз Тоҷикистон ба АМА сафар менамоянд, талаботи нав ба роҳ монд

Январь 20, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи талаботи нави мақомоти авиатсионии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, аз 17 январи соли 2022 мусофироне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Арабӣ  сафар мекунанд, бояд шаҳодатномаи натиҷаи манфии ПСР-тести COVID-19-ро, ки на дертар аз 48 соат аз замони гирифтани биоматериал дода шудаасту QR-код дорад, пешниҳод намоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.

Ҳангоми ворид шудан ба фурудгоҳи  байналмилалии Дубай гузаштани санҷиши гирифторӣ ба COVID-19 (ПСР-тест) ҳамчунин ҳатмӣ мебошад. То гирифтани натиҷаи ПСР-тест мусофир бояд ҷудонишинӣ намояд.

Ёдовар мешавем, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ҳангоми  аз қайд гузаштан барои парвоз мусофирон бояд шаҳодатнома (ҳуҷҷати аслӣ) бо натиҷаи манфии санҷиши ПСР пешниҳод  намоянд. Шаҳодатнома бидуни нишон додани натиҷаи манфии санҷиши COVID-19 қабул карда намешавад. Дар шаҳодатнома бояд ном ва насаби мусофир (беҳтараш бо забони англисӣ), санаи таваллуд, натиҷаи манфии санҷиши ПСР барои COVID-19, инчунин рамзи QR (барои онҳое, ки ба Русия парвоз мекунанд) сабт гардида бошанд.

Ба мусофироне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон парвоз мекунанд, шаҳодатнома бо натиҷаи манфии санҷиши ПСР  зарур аст. Кӯдакони то 3-сола аз супоридани санҷиши ПСР озод мебошанд.

         АКС аз АМИТ «Ховар»

Январь 20, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд