ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ — ИНТИХОБИ МО! Машғул шудан ба варзиш эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳоро кам менамояд

Январь 9, 2022 09:07

ДУШАНБЕ, 09.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Олимони физиолог ва духтурон таъкид мекунанд, ки инсон метавонад 100 сол бидуни беморӣ зиндагӣ намояд. Инсон ҳанӯз аз давраи ба дунё омаданаш дар худ бо тарзи ҳаёти солим зиндагӣ намуданро ҷой дода, минбаъд бояд қонунҳои табиат ва инсониятро риоя намояд.  Вобаста ба ҳамин дар сиёсати имрӯзаи давлати Тоҷикистон ба ташаккули тарзи ҳаёти солим аҳамияти муҳим дода мешавад. Танҳо тавассути сафарбар намудани саъю кӯшиши мардум тарзи солими ҳаётро таъмин ва барои саломатӣ муҳити мусоид фароҳам овардан мумкин аст.

Саломатӣ асоси некӯаҳволии инсоният, шахс, оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз медоранд, ки «солимии ҷомеа боигарии давлат аст».

Бо фаро расидани мавсими сардӣ  бемориҳои сироятӣ  авҷ гирифта, теъдоди  гирифторони он меафзояд. Хусусан дар фасли зимистон инсоният ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла зуком бештар гирифтор мешаванд. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, имрӯзҳо 70-75%-и бемориҳои сироятиро бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ташкил медиҳанд.

Дар ин самт табибон таъкид медоранд, ки  обутоб додани бадан дар пешгирии бемориҳо нақши муҳим мебозад. Сайругашт дар ҳавои тоза, хоби бароҳат, пӯшидани либосҳои гарм, бурдани ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш ва истироҳати бомеъёр эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳоро кам менамоянд.

Абӯалӣ Ибни Сино дар китоби “Қонуни тиб”-и худ гуфтааст, ки «тадбири аввали нигаҳдории тандурустӣ варзиш аст, сипас тадбири ғизо ва аз паси он тадбири хоб…». Яъне барои саломат умр ба сар бурдан аввал бо варзиш машғул шудан, пас аз он ғизои хуб хӯрдан ва баъдан хоби бофароғат рафтан лозим аст. Шоҳсутуни асосии саломатӣ ин се чиз аст, ки илми муосир низ онро эътироф кардааст. Ибни Сино варзишро чунин тавсиф кардааст: “Варзиш ҳаракати иродаест, ки ба зарурат боиси сахт ва паи ҳам нафас гирифтан бигардад, ҳар ки муваффақ шавад то варзишро бо эътидол ва андар вақти худ ба кор барад, аз ҳар гуна муолиҷа бениёз хоҳад шуд”. Воқеан ҳам варзиш ба тан саломатӣ мебахшад, намакҳои баданро об мекунад,  мушаку бофтаҳо, банду буғумҳоро мустаҳкам менамояд, рагҳоро васеъ, гардиши хунро бемалол мегардонад, қаду қомат, сутунмуҳраро росту зебо ва қафаси  синаро калону фарох мекунад.

Усул ва намудҳои варзиши сабук, гимнастика, акробатика, сангбардорӣ, вазнбардорӣ, муштзанӣ ва ғайра босамар истифода бурда шуда, ғояи Ибни Синоро дар амал ҷорӣ мекунанд. Ибни Сино менигорад: “Ҳар андомеро варзиш хос аст, аммо варзиши дасту пой бошад, пӯшида нест”.

Ҳангоми варзиш тамрин чизи асосиест, ки бадан ва узвҳои онро барои машғулият омода месозад, имконияти осеби мушак ва банду буғумҳоро камтар мекунад. Инро банда дар асоси илми варзишшиносии асри 21 мегӯям, аммо Ибни Сино ҳанӯз дар асри 10 ин гуна масоилро матраҳ карда буд. Яъне пеш аз машғулияти асосӣ варзишгар тамоми мушакҳои бадани худро бояд ба ҳаракат дарорад. Вазифаи асосии тамрин- ин омода намудани бадан ва аъзо ба қисми асосии машғулият ва пешгирии осебпазирӣ аст.

Дар замони муосир муҳаққиқон ва олимони соҳаи варзиш бояд   тавсия диҳанд, ки дар ҳавои гарму сард чӣ гуна бояд варзиш кард? Варзиш чанд соат бояд давом кунад? Соатҳоро чӣ гуна бояд тақсимбандӣ намуд?

Дар ин маврид Абӯалӣ Ибни Сино гуфтааст, ки “ҳангоми баҳор созгортарин вақт барои варзиш қариби нимрӯзӣ ва андар ҳавои муътадил варзиш кардан аст, тобистон барвақттар шурӯъ кунанд, аммо зимистон мебояд аз рӯйи қиёс бегоҳӣ варзиш карда шавад.  Андар миқдори варзиш бояд се чиз риоя шавад; якум ранг аст, яъне  то даме, ки рангу рӯ хуб шудан гирад, дуввум, ҳолати дамидани андомҳост, яъне ҳар қадар, ки онҳо дамидан бигиранд, ҳанӯз ҳам вақти  варзиш кардан бошад, севвум ҳар гоҳе ба ин ҳолат оғоз намоянд ва арақ бухор шуда, ба таровидану ҷорӣ шудан дарояд, бояд варзиш бас карда шавад”.

                                                                          Кароматулло  ШОКИРЗОДА,
                      устоди Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 9, 2022 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Шумораи ҳадди ақалли қадамзанӣ барои одамон дар як ҳафта номбар карда шуд
Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 натиҷагирӣ карда шуд
«ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ». Ғолибони ин озмун дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян шуданд
Дар Тоҷикистон воридот, истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоти тамокуи бедудро манъ карданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюгеро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Тоҷикистон тарзи ҳаёти солим ва уҳдадориҳои ҷомеа оид ба ваксина тарғиб мегарданд
ИМРӮЗ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ФАРБЕҲӢ. Дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» татбиқ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тағйирёбии ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шаҳринав 13 рӯз бо ин тадбири муҳим фаро гирифта мешаванд
«Саломатии миллат-боигарии давлат»,- таҳти ин шиор дар Хуҷанд оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим аксияи шаҳрӣ доир шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ – ИНТИХОБИ МО! Ҳамасола қариб 8 млн нафар аҳолии ҷаҳон аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Инсон бояд дар як шабонарӯз аз 25 то 50 грамм фалла (творог) истеъмол намояд