«УРАЛ–ИЛЕ». Донишҷӯёни тоҷик дар озмуни III байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавӣ соҳиби ҷойи аввал шуданд

Январь 19, 2022 09:43

ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни ансамбли созҳои халқии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов  дар озмуни III байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавӣ таҳти унвони «УРАЛ–ИЛЕ», ки дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия доир шуд, ҷойи аввал ва донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи «Созҳои халқӣ»-и Коллеҷи мазкур Мадина Баротова дар номинаи «Сози думбра» сазовори ҷойи сеюм гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Озмуни мазкур 11-12 декабри соли 2021 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон ва Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия тариқи онлайн доир шуд.

Донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар озмуни мазкур таҳти роҳбарии омӯзгор Ҳусайн Шарифов иштирок намуданд.

Ғолибон бо дипломҳои лауреати озмуни байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд.

Роҳбарияти муассиса тасмим гирифтаанд, ки пайваста дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, санъати мусиқии касбӣ ва суннатии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Январь 19, 2022 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст