Валентина Матвиенко: Кишварҳои ИДМ амният ва соҳибихтиёрии шарикони худро дифоъ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои ИДМ омодаанд амният ва соҳибихтиёрии шариконро дар сурати таҳдид аз берун дифоъ кунанд. Тарве АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 26 январ, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко изҳори назар намуд.
«Ба назари ман бисёр рамзист, ки ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба солгарди таъсиси Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ маҳз дар Алма-Атои Қазоқистон баргузор мешавад. Зеро 30 сол муқаддам дар бораи таъсиси Ассамблеяи байнипарлумонӣ маҳз дар он ҷо созишнома ба имзо расида буд. Фикр мекунам, ин беҳтарин далели пойдории ваҳдати кишварҳои мо ва сол то сол таҳким ёфтани дӯстии халқҳоямон мебошад. Ва агар ногаҳон таҳдиде аз берун ба миён ояд, мо ҳамчун девори пойдор ба ҳифзи амният ва соҳибихтиёрии шариконамон хоҳем истод», — гуфт раиси Шӯрои Федералӣ зимни ифтитоҳи иҷлосияи баҳорӣ.
Ӯ илова намуд, амалиёти посдорони сулҳи СААД, ки аввалҳои соли равон дар Қазоқистон анҷом дода шуд, «инро баръало собит намуд».
Илова бар ин, тавре раиси палатаи болоии парлумони Русия тазаккур дод, соли равон фаъолияти фаъоли байналмилалӣ тавассути Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Форуми парлумонии Осиё ва Уқёнуси Ором, Ассамблеяи парлумонии САҲА ва Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо низ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати моҳи январи соли 2022 ба ИДМ Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон шомил мебошанд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки кишварҳое, ки ба ИДМ дохил мешаванд, дорои мақоми гуногун мебошанд. Ҳамин тариқ, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Русия узви комилҳуқуқ ба ҳисоб рафта, Туркманистон мақоми узви ассотсиатсияшударо доро мебошад, зеро ният дорад бо кишварҳои ИДМ ва Балтика танҳо равобити дуҷонибаро рушд диҳад. Молдова Оинномаро имзо накардааст ва раванди тасдиқи онро низ нагузарондааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид






