ВАО: cарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҷлили Рӯзи ҷумҳурӣ ба Ҳиндустон сафар намекунанд

Январь 19, 2022 10:07

ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ 26 январ ба Деҳлии Нав барои таҷлили ҷашни миллии Ҳиндустон — Рӯзи ҷумҳурӣ бо сабаби  паҳншавии  коронавирус намераванд. Дар ин бора бо истинод ба манбаъҳои ҳукуматӣ дирӯз, 18 январ хабаргузории ANI иттилоъ дод.

«Дар Рӯзи ҷумҳурӣ аз Осиёи Марказӣ ба далели коронавирус меҳмонони хориҷӣ намеоянд»,-навиштааст нашрия. Манбаъҳои агентӣ ёдовар шудаанд, ки «ҳукумат ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъватнома ирсол кард, аммо нақшаҳо дигар шуданд».

Аввалҳои моҳи декабри соли гузашта рӯзномаи The Times of India навишт, ки Ҳинд масъалаи даъвати роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказиро барои таҷлили тантанаҳои дарпешистодаи 26 январ ба муносибати Рӯзи ҷумҳурӣ баррасӣ мекунад. Қарор буд, ки меҳмонони асосии гузашти анъанавӣ ба ифтихори ҷашни миллӣ дар Деҳлӣ раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон шаванд.

Ҳиндустон таҷрибаи даъвати як гурӯҳ роҳбарони хориҷиро ба Рӯзи ҷумҳуриявӣ аллакай дошт. Соли 2018 раҳбарони 10 кишвари узви Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) ба ҳайси меҳмонони фахрӣ дар гузашт ширкат доштанд.

26 январи соли 1950 конститутияи Ҳиндустони нав ба истиқлолият расида ба ҳукми қонун даромад, ки тибқи он мамлакат ҷумҳурӣ  эълон карда шуд. Аз он вақт инҷониб ҳамасола Рӯзи ҷумҳурӣ таҷлил ва дар Деҳлии Нав гузашти низомӣ баргузор мешавад. Ҳиндустон чун анъана сардорони ҳукуматҳо ё давлатҳои хориҷиро ба он даъват мекунад. Масалан, президенти Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамапоса соли 2019 ва президенти Бразилия Ҷаир Болсонару соли 2020 меҳмони фахрии ин гузашт буданд. Соли гузашта парад бе меҳмони асосй гузашт. Интизор мерафт, ки сарвазири Британия Борис Ҷонсон ба Деҳлии Нав биёяд ва қаблан ризоияти худро дода буд, аммо 5 январ вай гуфт, ки пас аз сар задани намуди нави коронавирус ин сафарро лағв кардааст.

Тибқи маълумоти СҶТ, Ҳиндустон пас аз ИМА дуюмин кишвари ҷаҳон боқӣ мемонад, ки дар он аз оғози пандемия беш аз 37,3 миллион нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Аз рӯи шумораи фавтидагон аз COVID-19 Ҳиндустон дар ҷои сеюм (486 451 нафар) меистад.

АКС: © Saurabh Das/AP Photo

Январь 19, 2022 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид