ВКД ҚАЗОҚИСТОН ХАБАР МЕДИҲАД. Зимни амалиёт беш аз 3 ҳазор нафар боздошт ва 26 нафар ҷинояткорон маҳв карда шуданд

Январь 7, 2022 11:54

ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон шумораи боздоштшудагонро дар бетартибиҳо номбар кард: беш аз 3 ҳазор нафар боздошт ва 26 нафар ҷинояткорон маҳв гардида, 18 нафар маҷрӯҳ карда шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии «Хабар 24» гузориш дод.

Тибқи иттилоъ, ҳоло тамоми биноҳои ҳукуматҳои шаҳру вилоятҳо ва шуъбаҳои корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ таҳти назорат гирифта шудаанд.

Қаблан хабар  расида буд, ки дар пайи тазоҳурот дар Қазоқистон 18 нафар кормандони мақомоти қудратӣ кушта ва 748 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҷасади ду нафар кормандони мақомоти қудратии кушташударо сар аз тан ҷудо пайдо кардаанд. Мавҷудияти захмҳо дар ҷасадҳо далели террористӣ ва экстремистӣ будани гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки дар задухӯрдҳои кӯчагӣ дар Алмаато ширкат доштанд, арзёбӣ гардид.

2 январ дар шаҳрҳои Қазоқистон ба далели боло рафтани қимати газ барои мошинҳо аз 60 то 120 танга эътирозҳо оғоз шуданд. Баъдан онҳо бо талаби рафтани президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз сиёсат, баргузории интихоботи нав ва ба истеъфо фиристодани парлумон ба бетартибиҳо даст заданд. Дар собиқ пойтахти Қазоқистон — шаҳри Алмаато задухӯрдҳои шадид ба миён омаданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 7, 2022 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд