ВКД ҚАЗОҚИСТОН ХАБАР МЕДИҲАД. Зимни амалиёт беш аз 3 ҳазор нафар боздошт ва 26 нафар ҷинояткорон маҳв карда шуданд
ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон шумораи боздоштшудагонро дар бетартибиҳо номбар кард: беш аз 3 ҳазор нафар боздошт ва 26 нафар ҷинояткорон маҳв гардида, 18 нафар маҷрӯҳ карда шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии «Хабар 24» гузориш дод.
Тибқи иттилоъ, ҳоло тамоми биноҳои ҳукуматҳои шаҳру вилоятҳо ва шуъбаҳои корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ таҳти назорат гирифта шудаанд.
Қаблан хабар расида буд, ки дар пайи тазоҳурот дар Қазоқистон 18 нафар кормандони мақомоти қудратӣ кушта ва 748 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҷасади ду нафар кормандони мақомоти қудратии кушташударо сар аз тан ҷудо пайдо кардаанд. Мавҷудияти захмҳо дар ҷасадҳо далели террористӣ ва экстремистӣ будани гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки дар задухӯрдҳои кӯчагӣ дар Алмаато ширкат доштанд, арзёбӣ гардид.
2 январ дар шаҳрҳои Қазоқистон ба далели боло рафтани қимати газ барои мошинҳо аз 60 то 120 танга эътирозҳо оғоз шуданд. Баъдан онҳо бо талаби рафтани президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз сиёсат, баргузории интихоботи нав ва ба истеъфо фиристодани парлумон ба бетартибиҳо даст заданд. Дар собиқ пойтахти Қазоқистон — шаҳри Алмаато задухӯрдҳои шадид ба миён омаданд.
АКС аз манбаъҳои боз








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






