«30 СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар АМИТ «Ховар» аксияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 8.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва бо иштироки масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» таҳти унвони «30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат» аксияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории аксияи мазкур ба роҳбарият ва кормандони АМИТ «Ховар» тақвими соли 2022-и Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо навиштаҷоти «30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат» дастрас карда шуд.
Роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Давлатҷон Ғаффорзода иброз дошт, ки аксияи мазкур бо мақсади таблиғи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, инчунин 30-солагии таъсиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, барои ба марҳилаи нави давлатдорӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҷалб кардани қувваи ҷавонон равона шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон давоми 30 соли фаъолият ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ тавонист сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро мунтазам дастгирӣ карда, ба ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар ва таъмини нақши устувори ҷавонони тоҷик дар пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон ҳамовозӣ намояд
Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат аз рӯзи аввали фаъолият ба кадрҳои ҷавон бовар карда, ҳамеша иқдомҳои наҷиби ҷавононро дастгирӣ менамоянд. Сарвари давлат борҳо иброз доштаанд, ки ҷавонон ва неруи созандаи онҳо барои ояндаи давлату миллат заруранд.
Тайи 30 соли истиқлолият ҷавонони кишвар дар амри расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ саҳми назаррас гузоштанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат ба маҷмӯи дастовард, ташаббусу корномаҳои ҷавонон пайваста таҳсин мехонанд ва ба фаъолияти ҷавонони мамлакат баҳои баланд медиҳанд.
АКСҲО: Тоҳир Саид/АМИТ «Ховар»











Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






