ҲАДИСИ МУСАВВАР. Волидайни сарбозон аз қисмҳои низомӣ боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти роҳбарии муовини аввали раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода ва комиссари ҳарбии шаҳр Носирҷон Неъматзода аз ду қисми ҳарбӣ, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Шоҳмансури пойтахт воқеанд, боздид намуда, ба сарбозон туҳфаҳо, воситаҳои гигиению санитарӣ тақдим карданд. Инчунин ба ифтихори Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сарбозон дастурхони идона ороста шуд, иттилоъ доданд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар».
Дар чорабинии тантанавию фарҳангӣ, ки дар қисмҳои низомӣ доир гардид, муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода ва ҳамроҳонаш сарбозонро бо 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба қисмҳои низомӣ, ҳайати шахсӣ ва сарбозон сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатро тақдим намуд.
Дар қисмҳои низомӣ волидайн аз хобгоҳу ошхона, утоқҳои омӯзишию таълимии сарбозон дидан намуда, аз шароити мавҷуда изҳори қаноатмандӣ карданд.
Сипас, бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи идонаи консертӣ пешкаши сарбозон ва волидайни онҳо гаронида шуд.
АКСҲО: Мақомои иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Ҳисор