ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»

Сентябрь 18, 2026 14:57

ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ  бо сарварии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Инро ҳам аз тариқи асарҳои Пешвои миллат ва ҳам навиштаҳои зиёди олимони дохилӣ ва хориҷӣ метавон дарк кард.

— Барои худшиносию худогоҳии мардум омӯзиш ва пажуҳиши фарҳанги миллию суннати тоҷикон, аз ҷумла ҷашнҳои бостонӣ, ба мисли Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва эҳёи онҳо камназир аст, ки ин ҳама аз гузаштаҳо тавассути забони ноби модарии мо то имрӯз расидаанд. Ба ин ҷиҳат Пешвои миллат чун рукни калидии давлатдории миллӣ ба таври мунтазам ба ҷойгоҳи забони модарӣ ва аз тариқи он барои наслҳои имрӯз мондани мероси камназири фарҳангӣ таваҷҷуҳ менамоянд.

Дар ҳама кишварҳои дунё қавму миллатҳои гуногуне, ки зиндагонӣ мекунанд, забони расмии давлатии онро медонанд ва эҳтиром мегузоранд. Дар ин асос агар се кишвари ҳамзабонро, аз теъдоди аҳолиаш камтар ба теъдоди аҳолиаш зиёдтар номбар намоем, дар Тоҷикистон (беш аз 10 миллион), дар Афғонистон (беш аз 40 миллион), дар Эрон (беш аз 90 миллион) ба забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ), ки дорои гӯишҳои зиёд аст, бетарҷумон гап мезананд. Қавму миллатҳои дигар ҳам дар ин кишварҳо ба ҳамин забон муошират менамоянд. Диққат! Ин ҷо гап дар сари бо ҳамин забон суҳбат карда, ҳамдигарро фаҳмидан аст.

Рақамҳои болоро ҳисоб кунем, миқдори мардуме, ки бо ин забон гуфтугӯ менамоянд, дар ин се кишвар беш аз 140 миллион нафар аст. Бар иловаи ин тоҷикон ва форсизабонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳудудан беш аз 30 миллион (шояд бештар) зиндагонӣ мекунанд ва бо ин забон гап мезананд.

Соли 2026 дар шумораи 29-уми нашрияи забонҳои дунё «Ethnoloque: Languages of the World» чоп шуд. Дар он миқдори забонҳои оламро 7170 шумурдаанд. Ин рақамҳо ҳар сол дар асоси баррасиҳои илмии густурда тағйир меёбанд. Дар ин робита ҳамеша пажуҳандагон роҷеъ ба ҷойгоҳи забонҳои машҳури олам назари худро мегӯянд. Дар яке аз мақолаҳое, ки унвони он “Самые популярные языки мира в 2025 году” (нигар: https://student45.ru) аст, ба таври мухтасар роҷеъ ба 40 забони асосии имрӯзи ҷаҳон изҳори назар шудааст. Дар ин баррасӣ забони форсии тоҷикии дарӣ дар байни беш аз 7000 забони олам дар ҷойи 16-ум қарор дорад: англисӣ (1 миллиарду 452 миллион), чинӣ (лаҳҷаи мандарин, 1 миллиарду 118 миллион), ҳиндӣ (602 миллион), испанӣ (534 миллион), арабӣ (372 миллион), фаронсавӣ (300 миллион), бенголӣ (265 миллион), русӣ (258 миллион), португалӣ (223 миллион), суахилӣ (200 миллион), индонезӣ (200 миллион), урду (170 миллион), японӣ (150 миллион), олмонӣ (135 миллион), панҷобӣ (125 миллион), форсӣ (110 миллион). Дар охири ҳамин мақола шарҳҳое ҳаст, ки шахсе бо номи Дмитрий гуфта, ки “ба форсӣ беш 150 миллион дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Покистон ва дигар минтақаҳои замин гап мезананд” (нигар: https://student45.ru). Дар натиҷаи ҳисобҳои мантиқӣ маълум мешавад, ки дар дунё беш аз 150 миллион нафар ба забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) сухан мегӯянд. Таъкид менамоем, ки ин омор дар асоси сарчашмаҳо буда, ба ҳақиқат наздик аст. Яъне теъдоди мардуме, ки дар ҷаҳон ба ин забон суҳбат мекунанд, беш аз 150 миллион мебошанд. Ҳатто баъзеҳо бештар аз он гуфтаанд.

Аз ин рӯ, тавре ки Пешвои миллат ва пажуҳандагони дигар гуфтаанд, агар форсӣ, дарӣ ва тоҷикиро як забон (бо гӯишҳои зиёд) донем (мардуми се кишвар – Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон  онро бетарҷумон мефаҳманд), он гоҳ ин забон яке аз 15-20 забони асосии дунёст.

Омори каталоги «Ethnoloque» (Этнолог) ҳар сол тағйир меёбад, дар натиҷаи омӯзишҳо теъдоди забонҳо гоҳе кам мешаванд ва гоҳе зиёд. Баъзе забоншиносони дунё миқдори забонҳоеро, ки мардум бо он гап мезананд, дар атрофи ҳафт ҳазор, бархе олимон камтар аз шаш ҳазор мешуморанд. Миқдори устувор нест, чунки ҳар сол чанд забон бо фавти охирин намояндаи он аз байн меравад. Гоҳе забоншиносон кадом забонеро аз забони гурӯҳи хешовандаш ҷудо карда, онро як забони мустақил мешуморанд, гоҳе баъзе гӯишҳои як забонро ҳамчун забони мустақил мепазиранд, ё гоҳе аз қитъаи Африқо ва ҷойҳои дигар забони наверо кашф карда, илова менамоянд.

Мафҳуми тоҷику форс ҳамчун қавми эронӣ беш аз ду ҳазор сол аст, ки дар сарчашмаҳо дида мешавад. Вожаи дарӣ беш аз ҳазор сол аст, ки дар канори форсӣ ва тоҷикӣ чун ҳамрадифи онҳо дар адабиёти навишторӣ ба кор меравад. Инак, дар садаи ХХ ва дар оғози садаи ХХI дар натиҷаи воқеаҳо, ҳодисаҳо ва тақозои замон се давлати мустақили ҳамзабон – Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон номи забони давлатии худро бо се ном – тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ ба як маъно ба кор мебаранд.

Пурсише ба вуҷуд меояд, ки дар муддати ҳазор сол дар Осиёи Марказӣ амирону султонҳо турктабор буданд, вале чаро ин забон аз байн нарафт? Ба ин савол дар китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» (2016; 2020) бо далелҳои илмӣ, дар баёни воқеаҳо ва ҳодисаҳои таърихӣ посухи муфассал дода шудааст. Аз ҷумла, ишора шуда, ки дар ин минтақа давоми беш аз 6 ҳазор сол асосан мардуми ориёитабор зиндагонӣ мекарданд. Қавму миллатҳои марбути забонҳои дигар пасонтар омаданд. Давоми ҳазор соли охир мардуми ориёитабори Осиёи Миёна ба гирифториҳои азими сиёсӣ, ҷангу куштору ғоратгариҳо дучор шуданд. Аммо тоҷик (форсизабон) будани аксари мардум боиси он шуд, ки халифаҳо, султонҳо, амирони ҳукмрон бо ин мардум ва забони он созиш намоянд ва ҳатто ақаллияти аз берун омада онро омӯхта, чун забони расмии давлати худ пазиранд.

Дар ҳақиқат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба навиштаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов, «баробар бо наҷоти миллат нақши  наҷотбахши забон»-ро низ доранд. Дар ин хусус С. Ятимов дар мақолаи худ «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат» дар асоси гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба таври муфассал, забонро аз нигоҳи сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода, ҳақбинона гуфтаанд: «Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ – таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон дод. Бо ибораи дигар, баробар бо наҷоти миллат нақши  наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо овард» (нигар: АМИТ «Ховар». 07.10.2020).

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи миллати тоҷик ва забони онро дар арсаи ҷаҳонӣ пойдор сохт. Забони тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти кишварамон ба забони тавоно табдил ёфта, ҳамчун забони расмии давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд. Баъди истиқлолият забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, муоширати миллатҳо, робитаи байналмилалӣ ва ҳамчунин дар муассисаҳои эроншиносии кишварҳои олам мавриди истифода ва омӯзиш қарор гирифт. Дар ин давра оид ба густаришу қаламрави забон, адабиёт, фарҳанг, таърих ва масъалаҳои гуногуни гузашта ва имрӯзаи он асарҳои зиёд ба нашр расиданд. Аммо нашри китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» (китоби аввал 2016, 516 саҳ.; китоби дуюм 2020, 432 саҳ.) дар ин марҳалаи таърихӣ дорои арзиши баланд буда, он дар пайванд ва ваҳдати мардуми эронитабор, бахусус форсизабонон ҷойгоҳи вижае дорад.

Дар ин ду китоб бо санадҳои илмӣ мафҳуми «тоҷику тоҷикӣ», «форсӣ», «дарӣ» ҳамрадифии онҳо, решаи пайдоиши қавми тоҷик дар партави фарҳангии мардуми ориёитабор, ҷойгоҳи забон дар муҳити хонаводаи забонҳои ҳинудаврупоӣ, гурӯҳи забонҳои эронӣ, дар масири воқеа, ҳодиса ва кашмакашиҳои таърихии кишварҳои дар гузашта мавҷуд, нишон дода шудааст.

Китоби аввал аз пешгуфтор ва шаш боб, хулоса ва китобнома иборат мебошад. Пешвои миллат дар оғози пешгуфтори ин китоб бо нигоҳи мантиқӣ ва воқеъбинона ҳадафи аслии худро баён намуда, бо таъкид оид ба ҷойгоҳи имрӯзии тоҷикон, ориёшиносӣ, эроншиносӣ, тоҷикшиносӣ, забони тоҷикӣ гуфтаанд: «9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон сабт шуд ва халқи куҳансоли тоҷик пас аз ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ ва адами иштирок дар таъйини сарнавишти хеш дубора ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи аз даст дода ва поймолшудаи хешро соҳиб гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо барои тоҷикони Тоҷикистон, балки барои тамоми тоҷикзабонон, махсусан барои ҳама касоне, ки сарфи назар аз макону ҷойи зист худро мансуб ба миллати тоҷик медонанд, дастоварди бузурги сиёсӣ гардид. Бо шарофати Истиқлол забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати як халқи дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 5).

Баъди ин ҷумлаҳо Пешвои миллат дар бораи таърихи на чандон дури кишвар ишора намуда, ёдовар мешаванд, ки вазъи сад соли охири Тоҷикистон, бахусус солҳои 1991-1992 чӣ гуна буд. Дар ҳақиқат ба сари миллат ва кишвари мо буҳрони азиме омад. Тибқи ёдоварии Пешвои миллат дар он давраи буҳронӣ онро «роҳбарӣ кардан» осон набуд: «Роҳбарӣ кардан ба давлати фалаҷу рӯ ба завол ва ҳукумати бозичаи дасти гурӯҳҳои бехабар аз ҳоли замону аҳволи ҷаҳон ва ё ҳукумат рондан бар мамлакати бемору бесуботе, ки дар ҳар гӯшаи он мансабталоше худро амиру ҳоким пиндошта, бо ҷону мол ва номуси мардум бозӣ мекард, албатта, кори саҳлу сода набуд» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 8).

Дар ҳамин марҳалаи сарнавиштсоз, хушбахтона, миллати тоҷик ва Тоҷикистон Пешвои худро пайдо кард. Бо сарварии Пешвои миллат кишвар аз мушкилоти буҳронӣ раҳо ёфт, ваҳдату сулҳу амонӣ омад ва рӯ ба рушд ниҳод. Ҳоло сол ба сол Тоҷикистони азиз дар ҳамаи соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ бо роҳнамоии Пешвои миллат ба пеш меравад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон пешгуфтори китоби аввал аз нуқсонҳои пажуҳиши солҳои пеш ёдовар шуда, ба ёд меоранд, ки тамоми мероси пешинаи худро бо нигоҳи нави барои миллат ва кишвар мубрам таҳқиқ бояд кард. Аз ҷумла, олимона ва оқилона омӯхтани забони модарӣ, таърихи гузаштаи онро лозим дониста, таваҷҷуҳи пажуҳандагонро ба таҳқиқи бештари он ҷалб намуданд, ки ин аз баракати истиқлоли кишвар аст: «Бо фаро расидани истиқлолият ва забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ масъалаи забон аҳамияти хоса пайдо кард ва ба ҳадде мубрам гардид, ки онро метавон яке аз падидаҳои муҳимми шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии ин солҳо номид» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 11).

Муаллиф дар асоси мутолиаи таърихи гузаштаи халқи тоҷик ва ҷаҳон марҳалаи нави омӯзиш ва пажуҳиши забонро дар пайвастагии истиқлолияти кишвар, ҷунбишҳои пешинаи истиқлолхоҳӣ ва ватанхоҳӣ  ёдовар мешаванд, то наслҳои оянда ба ин нукта бештар таваҷҷуҳ намоянду таърихи пешинаи онро бидонанд: «Забони мо бо истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 13).

Пеш аз он ки дар китоб оид ба решаҳои бостонии забон ва таърихи пешинаи он ба таври муфассал бо далелҳои илмӣ изҳори назар шавад, Пешвои миллат дар пешгуфтори китоби аввал ба ёд овардаанд, ки дар марҳалаи гузариш ба забони оламшумули тоҷикии форсии дарӣ забон ба чӣ мушкилот дучор шуд. Зимнан таъкид намудаанд, ки неруи ин забони хушнаво чунон қудрат дошт, ки бо талоши равшанфикрони оқили он аз печу хамҳои таърих эмин монда, ба воситаи он тарҷумаи осори таърихӣ, динӣ, аз ҷумла Куръони маҷид ва ҳозорон осори адабӣ, фалсафӣ, мардушиносӣ ва фарҳангӣ таълиф шуд. Ҳатто дӯстдори ин забони гуворо ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳамосаи беназири «Шоҳнома»-ро офарид, ки дар ин бора Пешвои миллат гуфтаанд: «Амирони ватанпарасту донишпарвари сомонӣ барои эҳёи мероси фарҳангии пешазисломии худ низ кӯшишҳо карда, осори таърихию бадеӣ ва диниву ахлоқии муаллифони худӣ ва бегонаи асри хешро аз забони арабӣ тарҷума карда, ҳатто талош варзиданд, Қуръони маҷидро ба тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) баргардонанд.

Дар натиҷаи чунин сиёсати миллӣ нахустин осор ба забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) пайдо шуда, бузургтарин пешвоёни ин забон ва адабиёт Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва барҷастатарин олимони асрҳои миёна, чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав ва пайравону шогирдони онҳо маъруфтарин осори илмии он давраро ба забони модарии хеш навиштаанд. Ва ё замоне, ки шоири роздон ва баландфикр Ҳаким Фирдавсӣ парешонӣ ва заволи давлати Сомониёнро ҳис кард, ба ҷамъоварӣ ва ҳифзи ҳикоёт, достонҳо ва расму оини гузаштагон пардохт ва бузургтарин достони ҳамосии ҷаҳон «Шоҳнома»-ро офарид» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 14-15).

Чаро маҳз дар пешгуфтор ин гуфтаҳо таъкид шудааст? Барои он ки хонандаи китоб, бахусус ҷавонони огоҳи миллатдӯст, бояд пешопеш дарк намоянд, ки дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба таври муфассал оид ба кадом масъалаҳо баҳс шудаанд. Дар тӯли таърих забони тоҷикӣ барои мардуми форсизабон ва қавму миллатҳои дигар нақши пайвандгарӣ дошт, забон пойдору устувор монд. Ин ҷиҳати онро Пешвои миллат ба дӯстдорони фарҳанг ва кишвар ёдовар мешаванд, ки забони мо давоми таърихи мавҷудияти худ ҳамеша нақши забони баҳамоваранда ва ваҳдатофарандаро бозӣ намудааст: «Яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳими забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдатофарии он аст. Ин хусусият сипас дар ташаккули он ба унвони як забони умумӣ барои мардуми эронитабор нақши муассир бозид» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 15).

Ҳамин нуктаро дар идомаи суханони хеш такмил намуда, дар асоси воқеияти таърихӣ ёдовар мешаванд, ки забони мо аз ҳар гуна моҷароҳои таърихӣ худро наҷот дод. Ба андешаи Пешвои миллат, ҳатто аз фатҳи густурдаи забони арабӣ эмин монда, «дар миёни миллатҳои зиёди мутеи араб мо ягона мардуме будем, ки забони худро ҳифз карда, аз истиқлоли адабӣ маҳрум намондаем». Ба ин назари оқилонаи Пешвои миллат ба таври муфассалтар бингаред: «Сифати дигари забони мо тавоноӣ ва рақобатпазирии он аст. Вақте ки забони арабӣ ҳампойи футуҳот ва густариши ислом дар як қисмати бузурги ҷаҳон фотеҳона қадам зада, забони бисёр давлатҳои муқтадири дунёи қадим, ба монанди забони маҳаллии Испания, лаҳҷаҳои романии Ситсилия, забонҳои барбарии соҳилҳои Африқои Шимолӣ, забони қибтии Миср, забон ва гӯйишҳои оромии Сурия, Фаластин, Ироқ ва ғайраро аз феҳристи забонҳои ҷаҳон нобуд мекард, муҳим он аст, ки забонҳои дар ҳоли ташаккул ва ҳатто бехати эронии мардуми Хуросону Мовароуннаҳрро фурӯ бурда натавонист. Ба иборати дигар, дар миёни миллатҳои зиёди мутеи араб мо ягона мардуме будем, ки забони худро ҳифз карда, аз истиқлоли адабӣ маҳрум намондаем. Вале дар айни замон истифодаи васеи забони арабӣ боиси падид омадани як анъанаи нави забонӣ гардид. То он давра бештари аҳолии Хуросону Мовароуннаҳр ба гӯйишҳо ва забонҳои хешованд ва ё ба ҳам наздик гуфтугӯ карда, ба ҳар ҳол, ҳамдигарро мефаҳмиданд. Аммо бо омадани забони арабӣ ин оромиши забонӣ барҳам хӯрд. Ба ин сарзаминҳо забони бегонае омад, ки нисбат ба забонҳои маҳаллӣ, ки ба сабабҳои бештар сиёсӣ ҳеҷ кадоми онҳо ҳанӯз ба сатҳи забони умумӣ нарасида буданд, забони қавитар ва аз назари расмиёт забони сиёсат ва дину оини нав буд» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 15-16).

Хонандагони азиз, ба идомаи гуфтаҳои Пешвои миллат бо диққат назар намоед. Бинед, ки чи гуна ба таърихи гузаштаи забони мо, ки дар иҳотаи забони арабӣ монда буд, шояд дар раванди таърих ба нобудӣ мерасид, баҳои муносиб медиҳанд ва ҳақиқатро дар пайвастагии се номи имрӯзаи як забон тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) баён медоранд, ки «забони арабӣ забони бегона боқӣ монд ва ҳаргиз ба ҳайси забони умумӣ пазируфта нашуд» ва таъкид намудаанд: «Дар натиҷа як ҳолати дузабонӣ дар ҷомеа, махсусан дар шаҳрҳои калон пайдо шуд. Бо вуҷуди ин ҳама барои оммаи васеи мардумони Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар манотиқи Эрон, ки дини мубини исломро нисбатан ба осонӣ қабул карда буданд, забони арабӣ забони бегона боқӣ монд ва ҳаргиз ба ҳайси забони умумӣ пазируфта нашуд. Баръакс забонҳои хурду бузурги пароканда дар миёни мардумони эронитабори ин минтақа на танҳо ба забони арабӣ муқовимат карданд, балки дере нагузашта ба яке аз шохобҳои қавитари хешованди худ пайваста ва ё дар он ҳаллу ҳазм шуда, зояндарӯди пурмарворидеро ба номи забони шевои «тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ)» ташкил намуданд, ки то имрӯз бо ҳамон ҷӯшу хурӯш равон аст» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 16).

Мо медонем, ки дар солҳои охир дар атрофи забони мо чӣ баҳсҳое ба амал омаданд ва ҳоло ҳам идома дорад. Гоҳе ин баҳсҳо аз мантиқ берун мераванд. Мубоҳисон воқеияти таърихро ба назар намегиранд. Кӯшиш мекунанд, ки ақидаи ғаразноки худро ба сари забони мо бор намоянд. Ҳол он ки дар идомаи ҳамин пешгуфтор Пешвои миллат забони тоҷикӣ, форсӣ ва дариро аз ҳамдигар ҷудо намедонанд, дар асоси воқеияти таърихӣ ҳуқуқи таърихӣ пайдо намудани «тоҷикӣ»-ро таъкид намудаанд, ки ин як навъ ҳаққи номи забон дар ин марҳалаи таърихӣ аст. Барои ҳамин ба имрӯзиён ёдовар мешаванд, ки инро донанд, ки мо кишварҳои ҳамзабон дар ин марҳалаи «ҷаҳонишавӣ» «забони худро ҳифз намоем». Бале, маҳз ҳамин ҳамбастагӣ метавонад забони моро нерумандтар гардонад: «Барои насли имрӯзи мо шояд тафовути чандоне надошта бошад, ки забони форсӣ, дарӣ ё тоҷикӣ ҳазор ё ду ҳазор сол пеш аз кадом минтақа бархоста ва ё мардуми кадом ноҳия ба ин забон пештар сухан гуфтааст. Ба назари мо муҳим он аст, ки онҳо аз як ҳавзаи ягона бархоста, гармиву сардии таърихро бо ҳам дида, як фарҳангу забони муштаракро дар чунин сарзамини паҳновар бо ҳам офаридаанд. Акнун дар ин замони ҷаҳонишавӣ бояд бикӯшем, то ҳамбастагӣ ва робитаҳои иқтисодию сиёсии худро қавитар гардонида, бино ба расми дерин, бо ёрии ҳамдигар истиқлоли фарҳангӣ ва забонии худро ҳифз карда, рукнҳои пойдории миллат ва кишварро таҳким бахшем ва онро устувору пойдор намоем» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 19).

Бале, забони мо аз ҳамзабонҳо ҷудо нест. Вале ҳоло таърих ба тоҷикон, ба як қавми эронитабори бостонии форсизабон номи тоҷикӣ додааст, ки ба назари Пешвои миллат, ин ҳамон муродифи форсӣ ва дарӣ аст. Дар охири ҳамин пешгуфтор Пешвои миллат ба чанд нуктаи муҳим ишора намуда, ба ҳайси ҳақиқати таърихӣ, ҳамчун кишвари соҳибстиқлол бо номи миллати тоҷик ном бурдани забони модарии моро воқеъбинона шарҳ додаанд: «Истилоҳи забони тоҷикӣ дар ин китоб ба маъно ва мафҳуми илмӣ ва сиёсии имрӯзии он, яъне забони давлатии як кишвари мустақили ҷаҳон – Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифода шудааст. Вале дар матн ҳангоми руҷӯъ ба давраҳои гузашта ҳамчунин номи таърихӣ ва расмии онро дар он рӯзгорон – форсӣ, дарӣ ё форсии дарӣ ба кор бурдаем, ки ҳамрадифи забони тоҷикӣ мебошанд» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 23).

Унвони боби аввали китоб «Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ» аст. Ин боб аз се бахш: «Мардуми ориёӣ ва забони онҳо», «Давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ», «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар гурӯҳбандии забонҳои эронӣ» иборат аст. Ҳангоми барасии ин масъалаҳо муаллифи китоб такрор ба такрор ба насли оянда ёдрас мешаванд, ки пешинаи забони тоҷикии мо ба он гузаштаи ориёии худ пайванд аст: «Яъне ба таври хулоса гуфтан мумкин аст, ки дар ин давраи тамаддуни бостонии мо қавмҳои ориёӣ ҳарчанд ба сарзамин ва кишварҳои мухталиф паҳн шуда бошанд ҳам, асолати этникӣ ва фарҳангии худро нигоҳ дошта, дар осори бозмондаашон барои таъкид кардани ин умумияти забонӣ, фарҳангӣ ва қавмӣ худро ва забони худро ориёӣ хондаанд ва забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он «Авесто»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки «Худойномак»-у «Таърихи мулуки Аҷам»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи Шӯравӣ ба ҳар навъе аз буҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро ба қалами Айниву Турсунзода ва Аллома Ғафуров бинависад» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 41).

Ба идомаи ин гуфтаҳо роҷеъ ба решаҳои бунёдии забони тоҷикӣ, ки он аз куҷо сарчашма мегирад ва давоми ҳазорон сол забонҳо чӣ гуна дигар мешаванд, маълумоти муфассал додаанд. Дар ин бахш, ҳамчун далел, аз китобҳои бостонии «Ведо», «Авесто», забони давраи Ҳахоманишиён ва сарчашмаҳои зиёд ёд намуда, ҷойгоҳи забони тоҷикиро дар байни гурӯҳи забонҳои эронӣ «забони авестоӣ», «забони модӣ», «забони форсии бостон», «забони форсии миёна», «забони портӣ», «забони бохтарӣ», «забони суғдӣ» муайян карда воқеъбинона гуфтаанд: «Забони тоҷикии мо, ки ба ивази забонҳои форсии миёна, портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ дар қаламрави густариши ин забонҳо ҷойгузини онҳо гардид, меросбари воқеии ин забонҳо мебошад» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 79).

Боби дуюми китоб «Саргузашти таърихии вожаи ‚тоҷик‛ ва забони тоҷикӣ» ном дошта, аз бахшҳои «Истиқлол ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ», «Муродифҳои вожаи «тоҷик», «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ», «Замони пайдоиши забони тоҷикӣ», «Номи забони мо» иборат аст. Дар оғози ин боб чунин омадааст: «Пас аз эъломи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ҷумҳурӣ ва миллати куҳанбунёди мо дар акнофу ақсоми ҷаҳон ба таври расмӣ шинохта гардид ва ҳисси кунҷковию назарсанҷӣ нисбат ба давлати тоҷикон, фарҳангу тамаддун ва таърихи кишвари мо боло гирифт. Саволе ба миён меояд, ки мо кистем ва аз куҷо омадаем, маънои вожаи «тоҷик», ки бо ин вожа миллат, забон ва кишвари мо номгузорӣ шудааст, чист?» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 80).

Баъдан барои дарки дурусти масъала ёдовар шудаанд: «Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки масъалаи қавми тоҷик ва забони он ба масъалаи таърихи қавмҳои эронӣ, зодгоҳ ва ному насаби онҳо марбут мебошад» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 81).

Пешвои миллат оид ба мафҳуми «тоҷик» ба сарчашмаҳои зиёд муроҷиат намуда, аз ҷумла аз мақолаи М. Клапрот «Дар бораи бухороиён» ёдовар мешаванд, ки дар он оид ба вожаи тоҷик ишора шудааст: «Соли 1806 М. Клапрот дар шаҳри Қазон бо бухороиҳо вомехӯрад, ки онҳо забони модарии худро «тоҷикӣ-форсӣ» мегӯянд. Бинобар ин, муаллиф ба натиҷае мерасад, ки сокинони Бухорои бузург ва Бухорои хурд худро тоҷик меноманд ва ин ном номи қадимии кишвари Форс ва форсҳо мебошад» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 82).

Ҳамин тавр бо ишора ба навиштаҳои Ж. Сан-Мартен, А. Хромов, Е. К. Мейендорф, Ф. Д. Люшкевич, Н. В. Хаников, М. А. Терентйев, Ҷ. Сиддиқӣ, А. Ҷовид, К. Бекзода, Ҳ. Муминҷонов, В. В. Бартолд, А. Вамбери, Т. Нелдеке, Г. Ҳюбшман, А. Н. Бернштан, И. И. Умняков, М. Минавӣ, Ғ. Ҷ. Доварӣ ва луғатномаҳо оид ба маънои тоҷик сухан гуфтаанд. Сипас мафҳуми калимаи тоҷикро дар асоси гуфтаи мантиқии устод С.Айнӣ меоранд ва натиҷагирии худро чунин иброз менамоянд: «Маъмулан калимаи «тоҷик» ҳамрадиф ва ҳаммаънои «ориёӣ», яъне наҷибзодагон будааст. Ба забони имрӯзаи тоҷикӣ маънои калимаи «тоҷик» мардуми тоҷдор, олимартаба, озодманиш аст. Ва номи имрӯзаи «тоҷик» ба ҷойи номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази ориёӣ омадааст» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 88).

Дар идомаи ин гуфтаҳо омадааст: «Дар аксари асарҳои бозмондаи адабиёти санскрит дар минтақаи Ҳинд калимаи «тоҷик» ба маънои «форс» ё «эронӣ» қайд шудааст, яъне вожаи «тоҷик» бо форсизабон ҳаммаъно будааст. Вожаи «тоҷик» дар Ведҳо ба маънои «ориёиҳо» истифода шудааст, ки аз лиҳози таърихӣ ба ҳазорсолаи дувуми қабл аз мелод мерасад» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 89).

Мафҳуми «тоҷик» давоми таърих маъниҳои гуногун пайдо намуда, ки Пешвои миллат зери унвони «Муродифҳои вожаи «тоҷик» ин масъларо шарҳ додаанд. Зимнан оид ба «Муносибати мутақобилаи вожаҳои «тоҷик» ва «турк», «Деҳгон, деҳқон ва вожаи «тоҷик», «Озодагон ва вожаи «тоҷик», «Ашрофу аъроб ва тоҷику тозӣ», «Тоту сарт ва вожаи «тоҷик» ақидаи худро баён намудаанд.

Аз ҷумла он маъниҳоеро, ки давоми таърих вожаи «тоҷик» пайдо намудааст, дар асоси санадҳои таърихӣ ва адабӣ шарҳ додаанд: «Дар бисёр мавридҳои дигар ин вожа чун номи мардуми форсизабони ориёинажод дар осори адабиву фарҳангии мо бо калимаҳои зиёде аз қабили эронӣ, аҷамӣ, порсӣ ё форсӣ, деҳқон ё деҳгон, аҳрор ё абнои аҳрор ё абноулаҳрор, озод, озода, озодагон, озодзодагон, озоднажод ё озоданажод, озодмардум ё озодамардум, порсиён, порсигавҳарон ё форсигавҳарон, тоҷдорон, яздоншиносон ва ғайра муносибати муродифӣ доштааст ва мавриди истифодаи фарҳангиён ва муаррихон будааст» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 105-106).

Ҳангоме ки дар бораи «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ» сухан гуфта шудааст, Пешвои миллат чунин менависанд: «Барои то андозае равшанӣ андохтан ба ин масъала мо бояд пеш аз ҳама ин нуктаро дар назар дошта бошем, ки забони модарии мо имрӯз дар се кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистону Эрону Афғонистон ба сифати забони расмӣ бо номҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ амал мекунад. Агар аз чанде тафовутҳои луғавӣ, овоӣ ва услубӣ сарфи назар кунем, мебинем, ки ин забон дар ҳар се кишвар дорои тартиб ва сохтмони дастурии ягона буда, дар дарозои таърих тағйироти ҷиддиеро аз сар нагузарондааст…

Забони тоҷикӣ, ба ақидаи мо, ҳар қадар барои як тоҷики Тоҷикистону Осиёи Миёна ҳамчун забони модарӣ муқаддас бошад, ҳамон қадар барои тоҷикону форсизабонони Афғонистону Эрон ва дигар минтақаҳо азизу гиромист» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 113).

Бале, Пешвои миллат дуруст гуфтаанд. Ба ин нукта донишмандони кишварҳои Эрону Афғонистон ва ховаршиносони хориҷӣ низ борҳо ишора намудаанд, ки ин номҳо ҳамрадифу ҳаммаъно ҳастанд. Аз ҷумла, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил соли 2006 зимни суханронии худ дар ҳамоиши Анҷумани тоҷикон ва форсизабони ҷаҳон – «Пайванд» гуфта буд: «Номи «абрешим»-ро гоҳе «парниён» биномӣ, гоҳе «ҳарир», гоҳе «паранд» биномӣ ҳамон «абрешим» аст, якест. Агар мо дар Эрон «порсӣ» мегӯем, шумо дар ин ҷо бад-он «тоҷикӣ» мегӯед ва дӯстони Афғонистон «дарӣ» мегӯянд, ҳама аз як гавҳари воло сухан мегӯем ва ҳамон амрест, ки мояи ҳамдилӣ ва ҳамзабонии мост» (Одил 2007, с. 23).

Дар идомаи суханҳо Пешвои миллат бо истифода аз фарҳангҳои замони гузашта ва бо истинод ба андешаи пажуҳандагон С. Нафисӣ, М. Муин, З. Сафо, М. Ғубор, А. Ҳабибӣ, М. Таботабоӣ, Е. Э. Бертелс, С. Айнӣ, А. Фрейман, И. М. Оранский, Б. Ғафуров, П. Н. Хонларӣ, М. Баҳор, Ҷ. Матинӣ, А. Мирзоев ҳамбастагии мафҳуми «тоҷик»-ро бо забонҳои эронии қадим тавзеҳ додаанд, то хонандаи китоб аз воқеият огоҳ шавад: «Дар маҷмуъ имрӯзҳо теъдоди зиёди забоншиносон бар ин ақидаанд, ки забони тоҷикӣ, (форсӣ, дарӣ) тақрибан дар асрҳои 4-5 милодӣ дар Бохтар (Афғонистони шимолӣ, Бадахшон, Балх, Бағлон, Хатлон, Ҳирот, Парвону Кобул), ки имрӯз ҳам бахши бештари аҳолиро дар ин минтақаҳо тоҷикон ташкил медиҳанд ва Тоҷикистону ӯзбекистон (асосан минтақаҳои ҷанубӣ ва Туркманистон (Марви қадим)) дар асоси забони бохтарӣ ва лаҳҷаҳои портӣ (паҳлавӣ) ва форсии миёна – паҳлавии сосонӣ пайдо шудааст» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 130).

Бар иловаи ин гуфтаҳо оид ба пайдоиши забони тоҷикӣ афзудаанд: «Забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) забони қадимӣ буда, зодгоҳи аслии он Хуросону Мовароуннаҳр, саҳеҳтараш канори чапу рости дарёи Омӯст. Ба иборати дигар, ин забон дар заминаи забонҳои бумии ин марзу бум: суғдӣ, тахорӣ, портӣ… ва дар фароянди доду ситад ва ҳамёриву ҳамтаъсирӣ бо забони паҳлавӣ (форсии миёна) аз ҳисоби ин забонҳо дороӣ афзуда, ташаккул ёфт ва ба дараҷаи забони илмиву адабӣ расид…

Ба ҳар ҳол то замоне, ки санади тозае дар ин маврид пайдо нашавад, қавли муътабар ва андешаи мантиқӣ ҳамон назарест, ки забони тоҷикӣ (дарӣ ё порсии дарӣ) дар сарзамини Хуросон ва Мовароуннаҳр пайдо шуда, сипас ба тадриҷ тамоми ноҳияҳои маълуми порсигӯйро фаро гирифтааст» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 131).

Пас аз баррасии муфассал нисбат ба даврабандии забони тоҷикӣ чунин пешниҳод намудаанд: «Бинобар ин, вақте сухан дар бораи забони тоҷикӣ меравад, ба назари мо, онро бояд ба давраҳои зерин тақсим кард: давраи ташаккул, такомул, давраи забони форсии дарии адабӣ, ки ин давраҳо барои забони тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ муштарак аст, давраи таҷаддуд ва навҷӯйӣ, маорифпарварӣ давраи забони тоҷикии аҳди шӯравӣ – замони бозсозӣ ва содагаройӣ ё демократӣ кардани забон, давраи забони тоҷикии замони Истиқлол (давраи бозгашт ба асли забон)» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 131).

Яке аз баҳсҳои доғ ин номи забон дар кишвари мо мебошад. Ин масъаларо низ мувофиқи воқеияти таърихии гузаштаву имрӯз ҳал карда гуфтаанд: «Дар осори таърихӣ ва адабии гузашта забоне, ки мо имрӯз бо он гуфтугӯ мекунем, бо номҳои мухталиф – тоҷикӣ, порсӣ, муарраби он форсӣ, дарӣ, порсӣ ё форсии дарӣ дарҷ гардидааст» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 138). Ба идомаи ин сухан, ки мо аз ҳамзабонон ҷудо нестем, вале ҳақиқати имрӯзаи таърихӣ чунин аст: «Назар ба воқеиятҳои ҷорӣ, ба андешаи мо, номи расмии забони давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон – ‚забони тоҷикӣ‛ ба тамоми меъёру талаботи илмӣ ҷавобгӯ буда, ҷанбаҳои сиёсӣ ва равонии ин масъаларо низ дар бар гирифтааст. Он ба монанди аксарияти забонҳои дунё баёнгари номи миллат, яъне тоҷикон ва кишвари онҳо – Тоҷикистон мебошад» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 145).

Зимнан Пешвои миллат таърихи пешинаи вожаҳои «дарӣ» ва «форсӣ»-ро низ дар асоси сарчашмаҳои зиёди воқеӣ шарҳ дода, ба як нуктаи муҳим ишора намудаанд: «Хулоса, ҳамгироии ин гунаҳои забон, яъне тоҷикиву дариву форсӣ дар бахшҳои гуногуни пажуҳишҳои забоншиносӣ, махсусан дар бахши ҳамгунсозии истилоҳоти илмиву фаннӣ як амри ногузир ва воқеӣ аст» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 153-154).

Сипас муаллиф дар боби сеюми китоб зери унвони «Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор» дар бахшҳои «Истилои араб ва оқибатҳои он барои забон ва фарҳанги мардуми Эронзамин», «Наҳзати тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) дар Хуросону Мовароуннаҳр», «Забони модарии мо дар аҳди Тоҳириён», «Саффориён ва эҳёи давлатдории миллӣ» дар бораи сарнавишти забони тоҷикӣ дар ин даврон назари худро баён намудаанд.

Хонанда дар боби чоруми китоб «Забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин» оид ба «Куҳантарин намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ», «Нахустин осори хаттии назму насри тоҷикӣ», «Замина ва омилҳои ташаккули забони адабӣ», «Забони илм ва ташаккули истилоҳот» маълумот мегирад.

Унвони боби панҷуми китоб «Давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ» ном дошта, аз бахшҳои «Забони модарии мо дар аҳди Сомониён», «Вижагиҳои забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён», «Забони модарии мо дар аҳди Ғазнавиён», «Забони модарии мо дар аҳди Зиёриён ва ё Повандиён», «Забони модарии мо дар аҳди Оли Бӯя» ташкил ёфтааст.

Муаллиф дар боби шашум роҷеъ ба «Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ» сухан ронда, дар бахшҳои «Густариши забони мо ба минтақаҳои дигари ҷаҳон», «Забони тоҷикӣ дар аҳди Салҷуқиён», «Забони модарии мо дар аҳди Ғуриён», «Забони тоҷикӣ дар аҳди Хоразмшоҳиён», «Нуфузи забонҳои бегона ба забони мо» муфассал изҳори назар намудаанд. Аз рӯи баррасиҳо, ба ин давраҳои пурталотуми таърихӣ, ба забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) бингарем, аз устувории он шод мешавем. Маълум мешавад, ки дар ҳар замон мардум забони худро дӯст дошта, онро ба наслҳо интиқол додаанд. Дар айни замон равшанфикронаш асарҳо эҷод намуда, забонро аз газандҳои беамон эмин нигоҳ доштаанд. Аз баёни воқеаҳо ва ҳодисаҳои таърихӣ маълум мешавад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва кишварҳои дигар забон на танҳо пойдор мондааст, балки густариш ёфта, ба забони байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин нуктаро Пешвои миллат чунин ёдрас намудаанд: «Хулоса забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) то ҳамлаи муғул новобаста аз ҳаводиси рӯзгор ва шебу фарози таърих вижагиҳои ноби забони асилро дар худ нигоҳ дошта тавонистааст, ки дар набарду муҷодила бо забони тавонои диниву идориву давлатии ин замон – забони арабӣ на танҳо истодагарӣ кунад, балки тадриҷан дар сарзамини васеъ, аз Ҳинду Чин то Осиёи сағир ба забони байналмилалӣ табдил ёбад» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 445).

Китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат» (2020) аз сарсухан, ҳафт боб, хулоса ва китобнома иборат аст. Китоби дуюм идомаи китоби аввал буда, дар он низ забони тоҷикӣ дар раванди воқеаҳои таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар китоб бо мисолҳо гуфта шуда, ки чӣ гуна дар таърих забони мо аз моҷароҳои қавмҳои бегона дар амон монда, то замони мо расидааст.

Пешвои миллат дар боби аввали китоби дуюм «Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон», дар шаш бахш ба масъалаҳои «Ҳуҷуми муғул ва оқибатҳои он дар сарнавишти тоҷикон», «Забон ва адаби тоҷикӣ-форсӣ дар ин давра», «Вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар давраи таназзули ҳукумронии муғулҳо», «Забон ва илму фарҳанг дар ин давра», «Авзои сиёсӣ ва таърихӣ дар давраи Темуриён», «Вазъи забону адаб дар ин аҳд» таваҷҷуҳ намуда, ҷойгоҳи забони тоҷикиро дар ҷараёни воқеаҳои минбаъдаи замон нишон додаанд (ниг.: Раҳмон 2020, китоби 2, с. 5-86).

Агарчи дар ин марҳалаи таърихӣ ба сари мардуми сокини аслии Осиёи Миёна, тоҷикон, бадбахтиҳои зиёд омад, вале равшанфикрони донишмандаш, тибқи суннатҳои пешин, бо донишу заковат аз тариқи забон ба адабиёт, таърих ва фарҳанги миллӣ аҳаммият дода онро равнақ бахшиданд. Дар айни замон ин забони зебову шево ишғолгаронро шефтаи худ кард, ки дар натиҷа дар давлатдории ҳукумронҳои нав пазируфта шуд. Амирону султонҳои замон аз тариқи забони форсӣ (дарӣ, тоҷикӣ) сиёсат ва фаҳмиши худро то ҳадде сайқал дода, онро омӯхтанд. Аз баёну тавзеҳи муаллиф маълум мешавад, ки зимомдорон онро барои муносибату муомилаи байналмилалӣ низ ба кор бурдаанд.

Боби дуюми китоби дуюм «Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон» ном дорад. Муаллиф хеле хуб бо далелҳо нишон дода, ки забони тоҷикӣ (форсӣ) забони расмӣ ва хонаводагии султонҳои Ҳинд шуда буд. Онҳо ҳамаи корҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро аз тариқи ин забон ва намояндагони донишманди он пеш мебурданд. Дар ин боб ба масъалаҳои «Густариши забони мо дар Ҳинд ва даврабандии он», «Раванди густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд аз истилои араб то барқарор шудани сулолаи Темуриёни Ҳинд», «Забони тоҷикӣ ва Темуриёни Ҳинд», «Сабки ҳиндӣ ва вежагиҳои забони мо», «Фарҳангнависӣ дар Ҳинд», «Дастурнависӣ ва дигар осори илмии забони тоҷикӣ» дикқат дода шудааст (ниг.: Раҳмон 2020, китоби 2, с. 87-157).

Дар ин давраи таърихӣ низ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) осори арзишманд таълиф шуд. Дар китоби дуюм нишон дода шудааст, ки чӣ гуна фарзандони фарзонаи миллат бо сухан, қалам, донишу хирад амал карда, асарҳои мондагор офаридаанд. Дар натиҷа султонҳои он даврон шефтаи забону фарҳанги мо гардида, онро бо муҳаббат ба кор гирифтаанд.

Ҳамин тавр, дар боби сеюм оид ба «Мақоми иҷтимоии забони тоҷикӣ дар асри XIV», дар боби чорум «Забони тоҷикӣ дар асрҳои XVII-XVIII», дар боби панҷум «Забони тоҷикӣ дар асри ХIХ», дар боби шашум «Вазъияти забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон», дар боби ҳафтум «Забони тоҷикӣ дар ибтидои асри ХХ» ҷойгоҳи забони ноби модарии мо дар рафти воқеа ва ҳодисаҳои сиёсиву таърихӣ, моҷарову муноқишаҳои байни давлатҳо нишон дода шудааст (ниг.: Раҳмон 2020, китоби 2, с. 158-392).

Бояд ёдовар шуд, ки дар ҳар бахши бобҳои китоби дуюм мавҷудияти забони мо дар асоси сарчашмаҳои муътамад таҳқиқ ёфтааст. Аз иқтибосҳо, мисолҳо ва баҳсҳое, ки дар китоб оварда шудаанд, маълум мегардад, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол ҳам мардум ва ҳам фарҳангдӯстони фидокор то имрӯз нигаҳбону посбони забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) будаанд.

Ҳамаи ин талошҳо ва заҳматҳои беҳамтои мардум ва адибону равшанфикрони кордону зирак буд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли беш аз ҳазор сол дар рӯзгори мо бо ҳамон зебоиҳояш расид. Ҳол он ки дар задухӯрдҳои таърихӣ забонҳои зиёд аз байн рафтаанд ва ё то ҳадде ба тағйирот дучор шудаанд, ки соҳибонаш матнҳои 400-500 сол пешро ба воситаи тарҷума мефаҳманд.

Хушбахтона, забони мо бо вуҷуди гӯишҳои зиёди хушнаво доштанаш ҳамоно соҳибонаш осори гаронбаҳои давоми беш аз ҳазор сол дастрасро пурра дарк менамоянд. Дар ин хусус забоншиноси маъруфи рус, академик И.М.Стеблин-Каменский воқеъбинона гуфтааст: «Ба назарам забони форсӣ яке аз забонҳои хеле муҳимтарини дунёст. Дигар забонҳое, ки дар ҷаҳон ҳастанд, ҳама ба тағйирот дучор шудаанд. Вале форсии тоҷикӣ дар ҷаҳон ягона забоне аст, ки бештар аз ҳазор сол барои мардумаш фаҳмо ва маҳфуз мондааст. Дар забонҳои дигари дунё тағйирот зиёд аст. Масалан, 500 сол пеш аз Русия шахсе ба номи Афанасий Никитин ба Ҳиндустон меравад ва дар бораи он кишвар чизе менависад, мо бояд онро ба забони имрӯзи русӣ тарҷума кунем, вагарна бе тарҷума намефаҳмем, ки чӣ навиштааст. Ё ба забони инглисӣ, фаронсавӣ 500 сол пеш ҳар чӣ навишта шудааст, бояд тарҷума шавад. Забони арабӣ ҳам чунин аст. Агар Қуръон набошад, забони арабиро фаҳмидан мушкил аст, вале Қуръон як забони динӣ аст.

Ба такрор мегӯям, ки воқеан дар ҷаҳон чунин забоне нест, ки давоми ҳазор сол ба мардум фаҳмо монда бошад, ба ғайр аз форсии тоҷикӣ. Мардум имрӯз ҳам матни беш аз ҳазор солро бе тарҷума мефаҳманд. Мо метавонем шеърҳои Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, рубоиёти Умари Хайёмро мисол орем, ки бештар аз 900-1000 сол пеш суруда шуданд, вале имрӯз ҳам онҳоро мехонему мефаҳмему азёд мекунем. Чунин забоне, монанди забони форсӣ дар ҷаҳон дигар нест» (Стеблин-Каменский И.М. “Форсии тоҷикӣ дар ҷаҳон ягона забонест, ки беш аз ҳазор сол фаҳмост”. Пайванд, 2008, №14, с. 46-47).

Дар ҳақиқат чунин аст. Дар ду китоби Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат» аз решаҳои бунёдии он шуруъ намуда, то ибтидои асри ХХ таъриху таҳаввули забон, ки ҳоло бо номи «тоҷикӣ» забони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, мавриди баррасии муфассал қарор гирифтааст. Дар охири китоби дуюм Пешвои миллат навиштаанд: «Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки ниёгони шарофатманди мо дар тӯли таърихи дуру дароз, дар паҳнои Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита барпо намудаанд, забони тоҷикиро аз тӯфону рӯзгорон ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба ояндагон мерос гузоштаанд» (Раҳмон 2020, китоби 2, с. 5).

Дар охири ин мақола боз ҳам аз андешаи Пешвои миллат ёд менамоем, ки ҳадафи аслии навиштани ин китоб чӣ будааст ва насли имрӯз барои нигаҳбонӣ ва рушди он чӣ кор бояд намоянд: «Ҳадафи асосии мо он аст, ки хонандагон, махсусан насли ҷавони мо, огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо, сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд. Акнун вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигаҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд» (Раҳмон 2016, китоби 1, с. 24).

Ҳамин тавр мо, ворисони ин забон, он чи барои мо Истиқлолияти давлатӣ додааст, ҳамчун пайвандгари тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, бар асоси андешаҳои Пешвои миллат, бояд онро аз дилу ҷон нигаҳдорӣ намуда, ҳар чи тавонем, биомӯзем, эҷод намоем, ташвиқ кунем, аз байни мардум гавҳарҳои дурахшонашро пайдо карда, вориди забони адабӣ созем, то ояндагон аз он баҳра баранд.

Равшан РАҲМОНӢ,
сардабири маҷаллаи «Пайванд»,
номаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»,
профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2026 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир