ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»

Сентябрь 19, 2026 10:14

ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар миллат даврае фаро мерасад, ки дар он масъалаи худшиносии миллӣ, ҳифзи забон, гиромидошти мероси фарҳангӣ ва таҳкими робита бо ҳамзабонон аҳаммияти хос пайдо мекунад. Барои миллати тоҷик ин масъалаҳо дар даврони истиқлоли давлатӣ ба яке аз самтҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат табдил ёфтанд. Истиқлол барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки робитаҳои худро бо тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар шароити нави таърихӣ ба роҳ монад ва барои таҳкими пайвандҳои фарҳангӣ, илмӣ ва адабӣ ниҳодҳои муносиб таъсис диҳад.

Яке аз чунин ниҳодҳои муҳим Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» мебошад, ки 7 сентябри соли 2026 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҳамоиши навбатии он бо иштироки Раиси ин созмони байналмилалӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши илмӣ аз 27 давлати ҷаҳон 230 нафар меҳмонон ва намояндагони мардуми форсзабон аз шумули олимону донишмандон ва муҳаққиқон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар оғози ҳамоиш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронии пурмуҳтавое намуда, аз ҷумла чунин иброз доштанд: «Анҷумани байналмилалии «Пайванд» падидаи беназири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки тайи ин солҳо ба майдони паҳновари ҳамоиши тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил ёфт. Мо минбаъд кӯшиш хоҳем кард, ки мақоми Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро дар ташкилу гузаронидани чорабиниҳои илмию фарҳангии дорои аҳамияти байналмилалӣ фаъолтар гардонем. Зеро маҳз арзишҳо ва суннатҳои муштараки таърихӣ ва илмию фарҳангӣ метавонанд пояи устувори густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона, ваҳдат ва ҳамдилии мо – тоҷикон ва дигар форсизабонони ҷаҳон бошанд».

Сарвари давлат зимни суханронӣ меҳмонон ва иштирокчиёни Анҷуманро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз дастовардҳои даврони истиқлол дар соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳанг, ҳифзи арзишҳои миллию таърихӣ, эҳёи  расму ойин ва анъанаҳои миллӣ ёдовар гардиданд ва таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»-ро иқдоми беназир, воситаи муҳими сарҷамъии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон арзёбӣ карданд.

“Дар замоне, ки ҷаҳони муосир ба раванди пуршиддати рақобати ҳувиятҳо, забонҳо, арзишҳо ва манфиатҳо ворид гардидааст, барои мо – мардумони форсизабон иттиҳоду ҳамбастагии маънавӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти бузург дорад. Дар чунин шароит Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» дар ҷодаи сомон додани рисолати таърихӣ – ҳифзи арзишҳои тамаддуни ориёӣ неруи муттаҳидсози маънавию фарҳангӣ маҳсуб мешавад”, -таъкид намуданд Пешвои миллат.

Сарвари давлат дар идомаи суханронӣ иброз доштанд, ки “шумо — тоҷикони бурунмарзӣ ва форсизабонон, ки сафирони фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳастед, дар муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастовардҳо ва густариши эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ саҳми шоиста мегузоред”.

Воқеан, эҷоду маҳсули олимону донишмандон, аҳли илму адаб ва муҳаққиқони форсизабон дастоварди кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон мебошад. Дар ин росто Пешвои миллат аз ифтихори Ватану ватандӯстӣ ва тоҷик будан таъкид карданд, ки “дар ҳар куҷо, ки забони тоҷикии форсӣ садо медиҳад, дар ҳар куҷо, ки шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Камол, Бедил, Айнӣ ва Турсунзода вирди забонҳост, он ҷо руҳи бузургони мо зинда ва қаламрави форсизабонон поянда аст”.

Ин таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи он аст, ки осори садҳо адибу донишманди тоҷик дар қаламрави васеи тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ гардиш дошта, марзҳои сиёсии замонҳоро убур кардааст. Аз ин рӯ, мафҳуми «пайванд» дар муносибатҳои тоҷикону форсизабонон маънои иртиботи таърихию фарҳангиро ифода мекунад.

Бо чунин дидгоҳи фарохи ваҳдатмеҳвар ва ҳамгироӣ дар заминаҳои таъриху фарҳанги муштарак Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба шахсияти барҷастаи фаромарзӣ табдил ёфтаанд. Ин нукта дар суханронии устоди Донишгоҳи Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алиризои Қиёматӣ бо сароҳат таъкид гардид. Мавсуф ба мавқею манзалат ва ҷойгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарҷамъии форсизабонони ҷаҳон ишора карда, аз ҷумла таъкид намуд, ки “имрӯз бояд ошкоро ва бо бонги баланд бигӯям, ки яке аз маҳбубтарин шахсиятҳои ҷаҳон дар байни эрониён ва ҳамаи дӯстдорони тамаддуни ниёкони мо бегумон Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аст”.

Доктор Алиризои Қиёматӣ дар бораи мавқеи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” ҳамчун дирафши ковиёнии ниёкони мо, нахустин нигаҳбони забон, ҳувият, тамаддун ва фарҳанги мардуми форсизабон ишора намуда, тақдими ин шоҳасарро ба ҳар хонадони Тоҷикистон нишон аз дарку дарёфт ва шинохти амиқу жарфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамаддуни ниёкони мо маънидод кард ва иброз дошт, ки “имрӯз Тоҷикистон дар зери сояи раҳбарии хирадварзу ба воқеъ меҳрофарини Олиҷаноб ба ҷойгоҳе мерасад, ки дирафшдори фарҳанги ориёӣ, дирафшдори тавсеаю пешрафт ва ҳамагонӣ кардани лутфу некукорӣ, маниши ориёӣ хоҳад буд”.

Дар ҳамоиш собиқ намояндаи Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, олими таърихшинос, доктор Муҳайиддин Маҳдӣ аз иқдому ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», ҳамзамон мавқеи Сарвари давлат дар сиёсати ҷаҳони имрӯз ибрози назар карда, таъкид намуд, ки “роҳбари Тоҷикистон бо сиёсати дурандешона барои аз миён бурдани танишҳои зотулбайнӣ бо ҳамсоягони фарорудии хеш муваффақияти чашмгире доштааст. Дар васфи робитаи миёни ин кишварҳо бавуҷудомада, ки акнун масал гаштаааст, саҳми Тоҷикистон ва нақши Ҷаноби Олӣ бисёр барҷаста аст.”

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани Анҷумани «Пайванд» барои мардуми Тоҷикистон ва кулли форсизабонони дунё рӯйдоди муҳими таърихӣ буд. Он нишон дод, ки маҳз истиқлол метавонад мардуми кишварҳоро ба ормонҳои миллиашон бирасонад ва арзишҳои таърихии онҳоро ба дигарон муаррифӣ намояд. Бинобар ин, Пешвои тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ишора ба ҳамин зарурати таърихӣ таъкид намуданд, ки “ин ҳамоиш бояд оғози ташаббусҳои фарогир дар самти тақвияти бештари фаъолият, роҳандозии ҳамкории пайваста ва нисбат ба давраҳои қаблӣ самарабахш гардад”. Зеро ҳадафи созмон, аз ҷумла барқарор кардани муносибатҳои таърихӣ, таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ, рушди робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, инчунин ташкили чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ мебошад.

Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон гарчанде дар охири солҳои 80-уми қарни гузашта таъсис ёфта буд, вале фаъолияти он дар доираи маҳдуд ва бе хостаҳои ҳамзабонони дохилу хориҷи кишвар пеш мерафт. Зеро девори идеологии давлати шуравӣ садди роҳи рафтуомад ва наздикшавии мардумони ҳамзабон гардида, имкон намедод, ки мо – аъзои як ҳавзаи фарҳангу тамаддун ва решапайванди ҳамдигар бо ҳам робитаҳои наздику дӯстона ва иртиботи доимӣ дошта бошем.

Барои тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ чунин робита метавонад василаи шиносоӣ бо навгониҳои ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, дастрасӣ ба адабиёти муосири тоҷик, омӯзиши забон ва таърих, иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва нигоҳдории робита бо Ватан бошад. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон низ ба воситаи чунин робитаҳо метавонад бо имконияти илмӣ, фарҳангӣ ва эҷодии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон шинос шавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ин гуна муносибатҳо аҳаммияти бештар пайдо мекунанд, зеро ҷамъиятҳои тоҷикон дар кишварҳои гуногун метавонанд дар муаррифии фарҳанг, адабиёт ва таърихи миллати хеш саҳм гузоранд. Аз ин лиҳоз, номи «Пайванд» низ аҳаммияти рамзӣ дорад. Пайванд, пеш аз ҳама, робита аст: робитаи инсон бо забон, насл бо таърих, ҷомеа бо фарҳанг ва насли имрӯз бо мероси ниёгон.

Агар ба таърихи таъсисёбии ин созмони бонуфуз таваҷҷуҳ намоем, маълум мешавад, ки раисии Созмони байналмилалии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – “Пайванд”-ро аз 8 сентябри соли 1993 то кунун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд.

Дар ибтидо ин созмон номҳои Ҷамъияти «Пайванд», Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»-ро дошт. Он 28 октябри соли 1989 бо ташаббуси академик Муҳаммад Осимӣ бо номи Ҷамъияти «Пайванд» таъсис ёфт.

Дар гузашта шахсони маъруфе, чун академик Муҳаммад Осимӣ (1989-1996), муҳаққиқ Камол Айнӣ (1996-2000), адабиётшинос Абдуқодир Маниёзов (2000-2008), ходими ҳизбӣ Исомиддин Салоҳидинов (2008-2013), рӯзноманигор ва сиёсатшинос Субҳон Кошонов (2014-2020) муовини аввал, яъне раиси Кумитаи иҷроияи ҷамъияти «Пайванд»  буданд. Аз моҳи июни соли 2020 то имрӯз муовини аввал, раисии Кумитаи иҷроияи Анҷумани «Пайванд»-ро Нуриддин Насимов бар уҳда дорад.

Тибқи маълумоти Анҷумани «Пайванд», феълан дар кишварҳои мухталифи олам ҳудуди зиёда аз 40 миллион тоҷикону форсизабонон умр ба сар мебаранд ва ҳадафи асосии анҷумани мазкур муттаҳид кардани онҳо мебошад. Аз ин рӯ, фаъолияти «Пайванд» метавонад дар омӯзиш ва муаррифии ин мероси муштарак нақши муҳим дошта бошад. Баргузории ҳамоишҳои илмӣ, конференсияҳои байналмилалӣ, ҷашнҳои бузургдошти адибон ва таҳқиқоти муштараки олимон имконият медиҳад, ки осори классикӣ аз нигоҳи илмии муосир бозомӯзӣ шавад.

Тибқи маълумоти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аъзои Шуро ва Кумитаи иҷроияи «Пайванд» дар баргузории чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангии марбут ба бузургдошти чеҳраҳои адабӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Борбад, Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ ва Умари Хайём саҳм гузоштаанд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки «Пайванд» метавонад минбари гуфтугӯи илмии муҳаққиқони кишварҳои гуногун дар бораи мероси муштараки фарҳангӣ бошад.

Созмони мазкур то имрӯз роҳи таърихиро дар пайванду барқарор ва мустаҳкам намудани муносибатҳои илмию фарҳангии форсизабонони кулли ҷаҳон паймудааст. Аввалин ҳамоиши ин созмон 8 сентябри соли 1992 бо номи «Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш аз кишварҳои гуногуни олам, Аврупо, Амрико, Эрон, Афғонистон, Русия ва кишварҳои дигар намояндагон ширкат варзиданд. Аъзои он пас аз баҳсҳо ва саволу ҷавобҳо ба чунин натиҷа расиданд, ки дар оянда созмоне бояд таъсис дода шавад, ки пайвандгари тамоми тоҷикон ва форсизабонони олам бошад. Созмони мазкур бо ин ном то сентябри соли 1993 фаъолият намуд. Баъдан, 8 сентябри соли 1993 ҳамоиши дуюм баргузор шуд, ки дар он номи созмон аз «Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ» ба «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон — «Пайванд» табдил дода шуд ва дар ҳамин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ин созмон интихоб гардиданд.

Баргузории чунин ҳамоишҳо нишон медиҳад, ки фаъолияти «Пайванд» метавонад аз доираи чорабиниҳои сирф фарҳангӣ берун рафта, ба муҳити муколамаи илмӣ табдил ёбад. Муҳаққиқони таърих, забоншинос, адабиётшинос, мардумшинос, фалсафа, фарҳангшинос ва дигар соҳаҳо метавонанд дар чунин ҳамоишҳо масъалаҳои гуногуни таърихи тамаддуни мардуми форсизабонро таҳқиқ намоянд.

Ҷаҳони муосир бо вуҷуди рушди технологӣ ва имконоти бесобиқаи иртиботӣ ҳамзамон бо масъалаҳои ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои миллӣ рӯ ба рӯ мебошад. Ҷаҳонишавӣ имконияти зиёдеро барои муошират фароҳам меорад, вале дар баробари ин фарҳангҳои хурдтар метавонанд зери таъсири равандҳои яксонсозии фарҳангӣ қарор гиранд. Дар чунин шароит нигоҳ доштани забон, адабиёт, суннатҳо ва хотираи таърихӣ вазифаи муҳим мебошад. Зеро забон яке аз муҳимтарин омилҳои ҳифзи ҳувияти миллӣ ба њисоб меравад. Барои тоҷикон забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки захираи бузурги хотираи таърихӣ, адабӣ ва фарҳангӣ аст. Аз ин рӯ, ҳифзи забон ва рушди он яке аз вазифаҳои муҳими ҳамкории тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мебошад.

Дар ҳамоиши илмии «Пайванд» 7 сентябри соли 2026 низ масъалаи забон ҳамчун яке аз пояҳои ҳастии маънавии миллат матраҳ гардид. Дар суханронии Президенти Тоҷикистон таъкид шуд, ки забони тоҷикӣ бояд на танҳо ҳифз ва гиромӣ дошта шавад, балки дар шароити муосир ба забони илму технология, иқтисод ва дипломатия табдил ёбад. Барои ҷомеаҳои тоҷикӣ, ки дар кишварҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, робита бо фарҳанги миллӣ метавонад омили муҳими ҳифзи ҳувият бошад. «Пайванд» дар ин замина метавонад нақши майдони муштараки фарҳангиро иҷро намояд.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати бебаҳои таърихию сиёсист, ки мо бояд онро ҳамчун рӯйдоди муқаддас гиромӣ дорем, эҳтиёт намоем ва аз насл ба насл мерос гузорем. Маҳз бо шарофати истиқлол тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба якдигар бештар пайванд хӯрданд ва барои пойдории забону фарҳанги тоҷикии форсии дарӣ даст ба дасти ҳам доданд. Бо пайдо шудани ҳамин фазои ҳамгироӣ пас аз расидан ба истиқлоли давлатӣ ҳазорон ҳазор ҳамзабонони мо Тоҷикистони азизро хонаи умеди худ мешуморанд.

Бо талошу кӯшишҳо ва ибтикору иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем худро ҳамчун миллати воҳид, фарҳангӣ, дорои таъриху тамаддуни куҳан ва созандаю бунёдкор ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Имрӯз дар натиҷаи амалисозии сиёсати дурбинона оид ба ҳамгироии тоҷикони ҷаҳон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ аз кишварҳои Аврупою Амрико, Осиёву Африқо, мамолики Араб ва Шарқи наздик аҳли фарҳангу зиё, тоҷирону соҳибкорон ва ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон меоянд, ки ин падида аз чашми муҳаққиқону коршиносони байналмилалӣ дур намондааст.

Пешвои миллат зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана ба ифтихори 11-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 10-солагии таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар соли 2002 аз баҳои муҳаққиқи маъруфи рус Николай Павлов ёдовар шуданд, ки ӯ дар бораи миллати тоҷик чунин изҳори назар кардааст: «Дар ҷаҳон кам миллате вуҷуд дорад, ки бо вуҷуди зарбаҳои сахти зиёд мисли тоҷикон зинда монда бошад. Баъди чунин зарбаҳо ба тоҷикон андак фурсат кофист, ки аз нав эҳё гарданд».

Воқеан хираду маърифати азалӣ, ҷасорату матонат ва далерию устувории мардони бонангу ор ва баруманди ин миллат буд, ки халқи мо ба ҳама таҷовузгарону мустабидони таърих муқовимат нишон дода, тавонист эътибору нуфузи миллатро дар миёни дигар мардумони ҷаҳон ҳифз намояд, баланд бардорад ва ҳамчун миллати созандаю ташаббускори сайёра шинохта шавад.

Баргузории Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон бо Сарвари хирадманду маърифатпарвар, тамаддунсозу сулҳовар ва бунёдкору созандааш ҳамчун меросбари фарҳанги ориёӣ дар сиёсату фарҳанги ҷаҳони мутамаддин нақши калидӣ дорад.

Дар партави таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи он ки “тоҷикон ҳамчун меросбарони асили тамаддуни ориёӣ дар шебу фарозҳои таърихи тӯлонии худ ҳамеша ҷӯёи илму маърифат ва офарандаву посдорандаи ин сарвати бузурги маънавӣ буданд”, мо бояд бо неруи ақлу хирад, донишу маърифат ва рисолати созандагӣ мавқеи тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло барем ва собит намоем, ки мо воқеан ворисони барҳаққи Куруши Кабир, Оли Сосону Оли Сомон, Рӯдакию Фирдавсӣ, Мавлонову Синову Хайём, Саъдию Ҳофиз, Айнию Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандони баруманди миллати хеш бошем.

Ҳамоиши байналмилалии соли 2026 нишон дод, ки мавзуи пайванди фарҳангии тоҷикону форсизабонон ҳамоно аҳаммияти байналмилалӣ дорад. Пас, «Пайванд» танҳо номи як анҷуман нест. Он мафҳуми иртиботи таърих, забон, адабиёт, фарҳанг ва хотираи муштараки мардумони форсизабон мебошад. Неруи ин пайванд дар он аст, ки гузаштаву имрӯзро ба ҳам мепайвандад ва дар баробари ҳифзи ҳувияти миллӣ барои муколамаи созанда бо ҷаҳони муосир заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА,
муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2026 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад