Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда

Сентябрь 19, 2026 14:14

ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди таҳаввулоти муҳим дар бунёди ниҳодҳои давлатӣ, таҳкими истиқрор, зерсохтори асосӣ, рушди бемайлон, иштироки фаъолона дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардид. Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими сиёсати осоиштагӣ ва рушд, беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ бо кушодагии фаъол дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон комёб гардид. Чунин омадааст дар мақолаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ ба унвони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар».

Дар зер шакли пурраи ин мақола манзур мешавад.

– Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз нахустин давлатҳо буд, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Аз он вақт ин ҷониб муносибатҳои байни ду давлат бемайлон рушд ёфта, аз марҳилаи таъсис ба уфуқҳои васеътари ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, рушд, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мунтақил шуданд.

Бо шарофати сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи Ходими Ҳарамайни Шарифайн шоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Валиаҳд, Раиси Шурои вазирон шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ва Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстона байни ду кишвари бародар бо назардошти аҳамияти пайвастаи рушд ва дастгирии раванди сулҳу оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон уфуқҳои тоза ба тозаи ҳамкориро тай карданд. Ҳамчунин мероси тамаддун ва фарҳанги муштарак, робитаҳои таърихӣ ва арзишҳои инсонӣ ва исломӣ ду миллатро ба ҳам наздиктар карда, дар таҳкими риштаҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ дар самтҳои гуногун барои манфиатҳои муштарак саҳм гузоштанд.

Давоми даҳсолаҳои охир муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ рушд ёфта, бо анҷоми сафарҳои расмӣ, машваратҳои мунтазами сиёсӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ тақвият ёфтаанд. Дар самти рушд Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тавассути ниҳодҳои рушд ва кумакҳои башардӯстона дар дастгирии якчанд лоиҳаҳои афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ташаббусҳо дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор ва тандурустӣ, инчунин дигар бахшҳои ҳаётан муҳим саҳм гузоштааст. Ин ташаббус дар доираи Фонди рушди Арабистони Саудӣ дар дастгирии раванди рушди Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Аз замони оғози фаъолияташ дар ин кишвар дар соли 2002 Фонд барои лоиҳаҳои сершумори рушд — аз ҷумла 100 миллион доллари амрикоӣ барои Неругоҳи барқи обии «Роғун» — маблағгузорие ба маблағи умумии 323 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Ин иқдомҳо дар баробари талошҳои башардӯстонаи Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон амалӣ мешаванд ва аз уҳдадории Шоҳигарӣ барои дастгирии Ҷумҳурии бародари Тоҷикистон дарак медиҳанд. Ин иқдом таҷассумгари равиши устувори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти дастгирии кишварҳои бародар ва дӯст, инчунин тавонмандсозии ҷомеаҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Чунин ҳамкории рушдёбанда ва башардӯстона мақоми хоса ва эҳтироми бузургеро, ки Шоҳигарӣ ва роҳбарияти он нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қоил ҳастанд, ҳамчунин эътиқоди қатъии Подшоҳиро дар бораи он ки рушди устувор ва сармоягузорӣ ба инсонҳо пояи субот ва шукуфоӣ маҳсуб мешаванд, таҷассум менамоянд.

Бо назардошти иқтидори Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ ва нақлиёт, инчунин имконияти сармоягузорӣ ва таҷрибаи пешрафтаи Арабистони Саудӣ — бахусус дар партави таҳаввулоти иқтисодии Шоҳигарӣ дар доираи «Диди 2030» (Vision 2030) имрӯз барои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ имконоти фаровон мавҷуданд. Шояд яке аз ҷанбаҳои қобили таваҷҷуҳи ҳузури байналмилалии Тоҷикистон давоми чанд даҳсолаи охир қобилияти он дар табдил додани бархе афзалияти миллиаш ба масъалаҳои дорои аҳамияти васеи ҷаҳонӣ бошад.

Дар сафи пеши ин талошҳо сиёсати фаъоли хориҷии Тоҷикистон дар самти масъалаҳои об, иқлим, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор, дар баробари ташаббусҳои муҳиме, ки дар доираи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудаанд, қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолият мавқеи байналмилалии худро тавассути ташаббусҳои муҳим, ки ба нигоҳ доштани масъалаҳои об ва муҳити зист дар меҳвари рӯзномаи ҷаҳонӣ мусоидат кардаанд,таҳким бахшид.

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба ин ташаббусҳои Тоҷикистон нуҳ қатъномаи муҳимро дар соҳаи об қабул намуд — аз эълони солҳо ва даҳсолаҳои махсуси байналмилалӣ то «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018–2028)». Дар идомаи ин нақш ва бо назардошти хатарҳои афзояндаи тағйирёбии иқлим барои ин захираҳои ҳаётан муҳим Тоҷикистон ба ҳифзи пиряхҳо, ки ҳамчун манбаи стратегии оби ширин барои миллионҳо нафар арзёбӣ мешаванд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муқаррар шудани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо марҳилаҳои муҳиме маҳсуб мешавад, ки бар муваффақияти талошҳои Тоҷикистон дар самти ба сатҳи аввали рӯзномаи ҷаҳонӣ баровардани ин масъала ва сазовор гардидан ба эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ далолат мекунанд. Ин фаъолияти хоси дипломатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ояндабин ва технологияҳои муосирро низ фаро мегирад; бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар ва боэътимод (аз соли 2027 сар карда) эълон гардид. Ин ташаббуси нав доираи васеи таваҷҷуҳи Тоҷикистонро ба масъалаҳои нави дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ва уҳдадории Душанберо дар самти таъмини мутобиқати пешрафти технологӣ бо усулҳои амният, эътимод ва масъулият инъикос менамояд.

Ин ташаббусҳо, новобаста аз гуногунии мавзуъҳояшон бозгӯи равиши хоси дипломатияи Тоҷикистон мебошанд, ки бар пояи пешбинии хатарҳо, ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим барои ояндаи башарият дар доираи ҳамкории бисёрҷониба ва табдил додани афзалияти миллӣ ва минтақавӣ ба ташаббусҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ устувор аст. Ин равиш сазовори эътироф гардид, зеро он эътиқоди қатъиро ба аҳамияти муколама, дипломатияи пешгирикунанда ва иқдоми дастаҷамъӣ дар муқобил бо хатарҳои муштараки байналмилалӣ инъикос менамояд.

Пойтахти зебои Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бо мавқеи беназири ҷуғрофияш дар қалби Осиё давоми солҳо ба макони муҳими баргузории конфронсҳо ва чорабиниҳои махсуси байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин шаҳр ҳамчун майдони муҳим барои муколама оид ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор хизмат карда, кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва муҳаққиқонро барои табодули таҷриба ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли амалии мушкилоти марбут ба захираҳои обӣ ва экологӣ гирди ҳам меорад. Ин дидгоҳ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, амнияти ҷаҳонии об ва устувории экологӣ, ки тавассути сиёсатҳо ва ташаббусҳои сабзи он дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ амалӣ мегарданд, комилан мувофиқат мекунанд.

Таъсиси Созмони ҷаҳонии об, ки қароргоҳаш дар шаҳри Риёз ҷойгир аст, бо ташаббуси Валиаҳд, Раиси Шурои вазирон шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд амалӣ гардидааст. Ин ҳолат эътирофи Шоҳигариии Арабистони Саудиро нисбат ба хусусияти ҷаҳонии мушкилоти марбут ба об ва зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои ҳалли онҳо тавассути табодули дониш ва технологияҳо, ҳавасмандгардонии навоварӣ, таҳқиқот ва рушд, инчунин дастгирии роҳҳои ҳал ва лоиҳаҳои устувор бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба амнияти ҷаҳонии об инъикос менамояд.

Илова бар «Ташаббуси сабзи Арабистони Саудӣ» ва «Ташаббуси сабзи Ховари Миёна», ки ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ амал мекунанд ва нақши онҳо дар дастгирии талошҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати мубориза бо тағйирёбии иқлим, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, мубориза бо биёбоншавӣ, ташвиқи ҷангалзоркунӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ бузург ва бо иқдомҳои Тоҷикистон ҳамоҳанг буда, муштаракии мавқеъ ва дидгоҳҳои ҳарду давлатро дар робита ба масъалаҳои ҷаҳонии экологӣ ва иқлимӣ дар арсаи байналмилалӣ инъикос мекунанд.

Дар ин замина, ҳамоҳангии таҷрибаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар соҳаҳои об, иқлим ва муҳити зист имконияти умедбахшро барои ҳамкории сатҳи олӣ фароҳам меорад. Ин ҳамкорӣ метавонад идоракунии захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва муҳити зист, таҳқиқоти илмӣ ва навоварӣ, инчунин табодули таҷриба ва технологияҳоро дар бар гирад ва бад-ин васила ба талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор саҳм гузорад.

Дар баробари ин масъалаҳои муҳими байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷонибдори фаъоли талошҳо барои таҳкими фарҳанги сулҳ ва муколама низ нақши назаррас мебозад.

Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии сулҳ барои наслҳои оянда (солҳои 2027–2036)» ифодагари дидгоҳи дурандешонаест, ки сулҳро бо рушд, субот ва ҳуқуқи наслҳои оянда барои зиндагӣ дар ҷаҳони амнтар пайванд медиҳад. Ин ташаббус ҳамраъйии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва пуштибонии васеи байналмилалиро ба даст оварда, аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ин ҳолат аҳамияти тақвияти муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориро байни халқҳо барои ҳалли низоъҳо ва мушкилоти фаромарзӣ инъикос мекунад.

Дар асл, ин ташаббус даъватест барои ташаккули фарҳанги сулҳ ҳамчун интихоби стратегии устувор ва масъулияти муштарак; равише, ки аз доираи танҳо ҳалли буҳронҳо фаротар рафта, ба эҷоди муҳити байналмилалие нигаронида шудааст, ки барои пешгирии онҳо омодагии беҳтар дошта, бо ин васила дар таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ саҳм мегузорад.

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ин ташаббусҳои пешқадами байналмилалии Ҷумҳурии бародари Тоҷикистон арҷ мегузорад ва онҳоро қадрдонӣ мекунад, зеро ин иқдомҳо бар муносибати масъулиятшиносона нисбат ба тақвияти ҳамкории бисёрҷониба, пуштибонӣ аз низоми Созмони Милали Муттаҳид ва саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ далолат мекунанд. Ин дидгоҳ инчунин бо усулҳои бунёдии сиёсати хориҷии Арабистони Саудӣ, ки бар риояи ҳуқуқи байналмилалӣ, ташвиқи муколамаву ҳамкорӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таҳкими амният, сулҳу суботи байналмилалӣ ва ноил шудан ба рушди устувор асос ёфтаанд, ҳамоҳанг мебошад.

Бар ин асос, ду кишвар дар робита ба масъалаҳои сершумори дорои аҳамияти байналмилалӣ — аз ҷумла амнияти об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, рушди устувор ва амнияти инсонӣ ҳадафҳо ва дидгоҳҳои муштарак доранд. Инҳо соҳаҳои ҳаётан муҳиме мебошанд, ки дар доираи «Диди 2030»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷойгоҳи барҷаста ва афзалияти баландро ишғол намуда, нақши рушддиҳанда ва башардӯстонаи Подшоҳиро ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ инъикос мекунанд.

Пас аз сию панҷ соли равобити Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон ояндаи муносибатҳои дуҷонибаи ин ду миллати бародар бо такя ба заминаи мустаҳками эътимод ва ҳамкории ҳосилшуда хеле дурахшон ба назар мерасад; зеро имконоти умедбахшу амалӣ барои гузариш ба марҳилаи нави шарикӣ ва рушд дар тамоми бахшҳо вуҷуд доранд.

Иқтидори ҳарду ҷониб, ки соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт, инчунин захираҳои об, муҳити зист, технология ва рушди устуворро фаро мегирад, барои тақвияти муносибатҳои намунавии байни ду миллат имконияти васеъ фароҳам меорад. Ин соҳаҳо барои эҷоди шарикии нав ва тақвияти нақши бахши хусусӣ, муассисаҳои илмию рушд ва табодули фарҳангӣ замина мегузоранд ва ҳамаи ин ба манфиатҳои муштараки онҳо хизмат мекунад.

Неруи муносибатҳо байни миллатҳо на танҳо бо давомнокии онҳо, балки бо иқтидори навсозӣ, вокуниш ба тағйирот ва қобилияти тасаввур кардани оянда муқоиса карда мешавад. Пас аз сеюмин даҳсола муносибатҳои Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иродаи сиёсии хирадмандона, арзишҳои муштараки тамаддунӣ, робитаҳои таърихии инсонӣ ва фарҳангӣ, инчунин имконияти умедбахши мутақобил бархурдоранд, то ба марҳилаи боз ҳам бузургтар ва муҳимтар —марҳилае, ки бар дастовардҳои аллакай ҳосилшуда асос ёфтааст, гузариш намоянд.

Мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амният, субот ва шукуфоии бардавомро таманно дорем ва интизори рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо бо Шоҳигарӣ, инчунин фароҳам омадани уфуқҳои васеътари ҳамкорӣ ҳастем, ки ба манфиатҳои мутақобили ҳарду миллат хизмат карда, риштаҳои бародарии байни мардумро таҳким бахшанд ва дар роҳи ҳимояи сулҳ, рушд ва субот дар минтақа ва ҷаҳон саҳм гузоранд.

Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ,
Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2026 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд