«ҶАВОНОН — ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Айнӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд дар бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, ҳамзамон гирандагони стипендияи президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ширкат варзиданд.
Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат имрӯз ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду босавод имтиёзҳои гуногун роҳандозӣ карда шудаанд, ки яке аз ин иқдом таъсиси стипендияҳои президентӣ барои донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ буда, ҳоло теъдоди онҳо 3000 ададро ташкил медиҳад.
«Ҳар амали хубе, ки дар овони ҷавонӣ иҷро мешавад, натиҷа ва самараи нек ба бор меорад. Аз ин лиҳоз дар ин айём тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ниҳоят манфиатбахш буда, аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад»,- иброз намуд раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода иқдоми мазкурро барои ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманд ва баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо натаҷабахш номид.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба барандагони стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022 аз ҷониби раиси Кумита ва раиси ноҳияи Айнӣ шаҳодатнома ва маблағи стипендия супорида шуд.
АКСҲО: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






