Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор хонаводаи ноҳияҳои Рашт, Деваштич ва Шаҳристон бо оби тозаи нушокӣ таъмин шуд

Февраль 12, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 12.02.2022 /АМИТ«Ховар»/. Ҷиҳати бартараф намудани мушкилии аввалиндараҷа ва муҳими сатҳи деҳот оид ба норасоии оби нӯшокӣ ва полезӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» соли 2021 сохтмони 5 зерлоиҳаи хати оби нӯшокӣ ва 10 зерлоиҳаи хати оби полезӣ пурра ба анҷом расида, барои истифода супорида шуданд. Дар ин бора дирӯз, 11 феврал Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд.

Абдулаҳад Хоҷазода афзуд, ки дар натиҷаи сохтмони хатҳои оби полезӣ обёрии 892 га замини кишоварзӣ беҳтар гардида, барои кишоварзон ҷиҳати кишти ҳосили дуюм ва сеюм шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Инчунин дар натиҷаи татбиқи 5 зерлоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ 2039 хонаводаи ноҳияҳои Рашт,  Деваштич ва Шаҳристон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд.

Ҳамчунин дар нишаст зикр карда шуд, ки дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Деваштич 19 трактор ва 8 комбайни ғалладаравӣ, Шаҳристон — 2 трактор,  Дӯстӣ — 29 трактор ва 2 экскватор, Ҷайҳун — 43  трактор ва  2 экскватор, Рашт — 11 трактор ва 7 борбардори фронталӣ, Тоҷикобод — 2 трактор ва 1 комбайни ғалладаравӣ дастрас гардид.

Давоми моҳҳои сентябр-декабри соли 2021 бо истифода аз экскваторҳои дастрасгардида зиёда аз 62 км заҳбуру заҳкашҳои дохили хоҷагии ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷайҳун тоза карда шуданд. Дар натиҷа ҳолати мелиоративии 1532 га замини корам беҳтар гардид, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо мусоидат менамояд.

 

АКС: АМИТ«Ховар»

Февраль 12, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст