Чин миёни кишварҳои сармоягузор ба Тоҷикистон пешсаф аст
ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли сипаригардида ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 700 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он 340 миллион долларро сармояи мустақим ва 370 миллион долларро дигар намуди сармояҳо ташкил медиҳад.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки воридоти сармояи хориҷӣ нисбат ба соли 2020 тамоюли афзоиш дошта, дар маҷмӯъ зиёдшавӣ ба маблағи беш аз 280 миллион доллар ё 1,7 маротиба, аз ҷумла сармояи мустақим 179,7 миллион доллар ва дигар намуди сармояҳо беш аз 110,6 миллион долларро ташкил медихад.
Дар воридоти сармоя ба Тоҷикистон Чин пешсаф буда, бо 236 миллион доллар сармояи мустақим зинаи аввалро ишғол менамояд. Эрон бо 32 миллион доллар дар зинаи дуюм, Туркия ва Фаронса бо 25 миллион доллар дар мақоми сеюм қарор доранд.
Ҳамзамон ҳаҷми сармояи вориднамудаи Швейтсария ба Тоҷикистон 21 миллион доллар, Кипр 10 миллион доллар ва Британияи Кабир 6 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, соли гузшта 35 давлати ҷаҳон ба Тоҷикистон сармоя ворид намудаанд.
Саъдӣ Қодирзода афзуд, ки сармояҳои мустақими воридгардида маҷмуан ба соҳаҳои истихроҷи маъдан -56,9 фоиз, саноати коркард- 9,9 фоиз, сохтмон- 2,1 фоиз ва ба дигар соҳаҳо 31,1 фоиз равона карда шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






