COVID-19. Доир ба баррасии лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба коронавирус дар Тоҷикистон (TEC-19) вохӯрӣ доир гардид

Февраль 7, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади арзёбии самаранокии татбиқи лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба COVID-19 дар Тоҷикистон (TEC-19), пешниҳоди хулосаи объективӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба минбаъд беҳтар намудани сифати фаъолияти лоиҳаи мазкур вохӯрии намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба COVID-19 дар Тоҷикистон (ТЕС-19) бо намояндагони Маркази тадқиқотӣ-таҳлилии «Зеркало», ки ҳамчун мониторинги тарафи сеюм (МТС) ҷалб карда шудааст, баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, мақсади вохӯрӣ- ин муҳокимаи натиҷаҳои бадастовардаи кории гурӯҳи мониторинги тарафи сеюм (МТС) ва ҳамчунин таъсиси Гурӯҳи кории муштарак мебошад, ки бояд бо иштироки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи ТЕС-19 ва «Зеркало» дар таҳияи минбаъдаи механизми фарогирӣ ва иртибот ба ҷомеа фаъолият барад ва вокунишро ба саволҳои муҳимтарини сокинон нисбат ба сирояти коронавирус пешниҳод намояд.

Иштирокчиён чораҳои минбаъдаи муштарак ва роҳҳои беҳтар кардани ҳамкорӣ бо мардуми кишварро дар мубориза бар зидди сирояти коронавирус баррасӣ карданд.

Дар айни замон веб-сайти covid.zerkalo.tj таъсис дода шудааст, ки дар он хабарҳо оид ба ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурӯҳи татбиқи лоиҳа ва мониторинги сеюм ҷой дода мешаванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Февраль 7, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид