Дар Ашт майдончаи варзишӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардиданд

Февраль 14, 2022 09:10

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт майдончаи варзишӣ, ки  аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Талаб Каримов бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, барои футболи хурд пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ифтитоҳи он  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  иштирок намуда, бунёди чунин иншоотро барои рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки наврасону ҷавонон бояд аз имконияти мавҷуда пурсамар истифода баранд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия се мактаби варзишӣ ва даҳҳо толору майдончаҳои варзишӣ фаъолият дошта, ҷалби ҳарчӣ бештари аҳолӣ ба варзиш мувофиқи мақсад мебошад.

Дар ҳамин ҷамоат синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 63 ба истифода дода шуданд. Бунёди синфхонаҳои иловагӣ моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон бо харҷи 100 ҳазор сомонӣ чор синфхонаи нав сохта шуд.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкорон ва сокинони ҷамоатро шоистаи пайравӣ унвон намуда, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф диққати махсус дода мешавад. Дар доираи амалишавии нақшаву тадбирҳои судманд ҳамасола дар вилоят даҳҳо биноҳои нави таълимӣ сохта мешаванд.

Дар зимн супориш дода шуд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас, азхудкунии касбу ҳунар ва забономӯзии хонандагон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.

 

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Февраль 14, 2022 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд