Дар Донишкадаи ҳарбӣ ба шарафи 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

Февраль 16, 2022 13:40

ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳимояи Ватан – қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ» бо иштироки ҳайати шахсӣ ва курсантон мулоқот баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ниҳоди мазкур.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Шоҳиён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, раиси Шӯрои куҳансолони ҳаракат Ғайбулло Афзалов ва сардори Донишкадаи ҳарбӣ Ҳафиз Азиззода  иштирок намуданд.

Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Шоҳиён ҳайати шахсӣ ва курсантонро бо 29-уми солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки намояндагони ниҳодҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шӯрои куҳансолон зимни дидорбинӣ бо  донишҷӯёни донишкада мехоҳанд аз аҳволашон бохабар шуда, онҳоро ба дӯст доштани Ватан ва эҳтироми рамзҳои муқаддаси миллӣ даъват намоянд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки ҳифзи Ватан-Модар шараф ва қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавони ғаюру ҷасур ва баору номус, аз ҷумла донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбӣ мебошад.

«Шумо донишҷӯёни ин донишкадаи муътабари ҳарбӣ дар оянда ҳаёти худро ба дифои ин сарзамини биҳиштосо мебахшед ва ҳамчун мутахассисони гуногуни низомӣ барои ҳифзи Ватан ҳамеша омодаед. Ин донишкада барои мамлакати мо бисёр муҳим мебошад, зеро ин боргоҳи ҳарбии илмӣ барои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ мутахассис омода мекунад. Шумо ҳомии Ватан, посдорони сулҳу субот, амният ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошед ва мо умедворем, ки шумо пас аз хатми ин донишкада рисолати инсонии худро бо сарбаландӣ анҷом медиҳед»,-изҳор дошт Рудобаи Мукаррам.

Тавре дар идома номбурда тазаккур дод, дар таърих омадааст, ки се рукни бузургтарини давлатдорӣ вуҷуд дорад: фарҳанги ориёӣ, фарҳанги милливу меҳанӣ ва фарҳанги маърифату хираду дониш. «Вақте ки сарбозону афсарон ҳомиёни пуршарафи Ватананд, мардуми тоҷик зиндагии осудаҳолона дорад. Зеро, агар мо ба маънои луғавии «сарбоз» таваҷҷуҳ кунем, он маънои «нисор кардани ҷон барои ҳифзи марзу бум» мебошад. Тавре медонем, 29 сол қабл аз ин бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуданд ва имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои он омода барои ҳифзи марзу буми моянд. Хусусан дар ин замони ҷаҳонишавӣ, ки аз мо ҳушёриву зиракӣ тақозо дорад»,- илова намду Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.

Раиси Шӯрои куҳансолон Ғайбулло Афзалов дар бораи нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот, хомӯш кардани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани беш аз як миллион гурезагон аз Афғонистон, бартараф кардани харобаҳои ҷанг, таъмини гурезагон бо макони зист ва ҷои кор сухан гуфт.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода дар бораи ғояҳои ватандӯстию ватанпарварӣ, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон аз ҷониби ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа гуфт, ки  «мафҳуми Ватан ва бузургдошти он аз қадимулайём дар адабиёти ғановатманди тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Соли 1993 дар солномаи таърихи Ватани мо барои низомиён соли таърихист, зеро бо ташаббусу ибтикори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Аз ин рӯ, ҳиссаи Артиши миллӣ дар ҳифзи марзу бум, таъмини амнияти мардум, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне истиқлолияти давлати тоҷикон ниҳоят бузург аст».


Дар мулоқот  аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба як гурӯҳ афсарону курсантон сипосномаҳо тақдим гардиданд.

 

АКСҲО: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Февраль 16, 2022 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Даъвати баҳорӣ ба Артиши миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ идома дорад
Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид