Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети нави иқтисодиёти саноатӣ таъсис дода шуд

Февраль 15, 2022 17:09

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон имсол факултети нави иқтисодиёти саноатӣ ва кафедраи менеҷмент бо ихтисосҳои нав таъсис дода шуданд. Дар ин бора 11 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт.

Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз дошт, ки «бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон карда шуданд ва дар ин самт мо низ талош менамоем, ки саҳми арзанда гузорем. Бо зиёда аз 72 корхонаи саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки донишҷӯён дар ин корхонаҳо дарсҳои амалӣ мегузаранд. Тибқи шартномаи баимзорасида бо ин корхонаҳои саноатӣ, хатмкунандагон барои омӯзиш ба онҳо фиристода мешаванд, яъне донишкада талош менамояд, ки тамоми хатмкунандагонро бо ҷойи кор таъмин намояд».

Феълан барои бо ҷойи кор таъмин намудани 5 ҳазор нафар мутахассис аз ҳисоби хатмкардаҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо корхонаи ҶДММ КМ «Зарафшон» шартнома ба имзо расонида шудааст.

«Имсол дар озмуни олимони ҷавони Иттиҳоди давлатҳои мустақил омӯзгори донишкада Асомиддин Саидов иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Дар озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» ду нафар омӯзгорони донишкада соҳиби ҷойи дуюм гардиданд. Ҳамзамон дар ин давраи ҳисоботӣ 5 нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадии хешро дар равияҳои иқтисодиву техникӣ дифоъ намуданд ва дар назар аст, ки имсол сафи олимони ҷавон бештар шавад»-, гуфт ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ.

 

АКСҲО: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Февраль 15, 2022 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид