Дар Душанбе Анҷумани миллӣ оид ба ВНМО, ҳуқуқи инсон ва қонунгузорӣ баргузор гардид

Февраль 24, 2022 10:53

ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки судяҳои судҳои ҷумҳурӣ Анҷумани миллӣ оид ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), ҳуқуқи инсон ва қонунгузорӣ доир гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории он хабар медиҳад.

Дар анҷуман намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоту намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳ Завқизода баргузории Анҷумани мазкурро дар ҳалли мушкилоти соҳа муфид арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки ин гуна анҷуманҳо имкон медиҳанд то роҳҳои наву манфиатбахши ҳалли ин масъалаҳо аз ҷониби коршиносон пешниҳод гарданд.

«Мавзӯъҳое, ки дар Анҷумани миллӣ оид ба ВНМО, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон баррасӣ мегарданд, аз мазмун ва муҳтавои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 ва Барномаи миллии муқовимат ба ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва нақшаи амали онҳо, ки бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҶТ тасдиқ гардидаанд, бармеоянд. Ҳайати васеи иштироккунандагони анҷуман, ки иборат аз намояндагони ҳокимияти қонунгузор, суд, прокуратура, таҳқиқот, тафтишот, адвокатура, мутахассисони соҳа, олимон, ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, имконият медиҳад, ки паҳлӯҳои мухталифи мавзӯъ аснои анҷуман баррасӣ гардида, он мушкилиҳое, ки дар соҳа мавҷуданд, мавриди табодули таҷриба қарор дода шаванд, роҳҳои нави мушкилот дарёфт ва ҳал карда шаванд»,-изҳор дошт Солеҳ Завқизода.


Дар Анҷумани миллӣ унсурҳои ҳуқуқии муқовимат ба Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақш ва вазифаҳои мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин дигар ниҳодҳои дахлдор вобаста ба ҳимояи ҳуқуқ, инсон ва шаҳрванд, таҷрибакунии дурусти адолати судӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки аҳамият ва ҳадафҳои Анҷумани мазкур аз баланд бардоштани сатҳи дониши касбии судяҳо ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат бо Вируси норасоии масунияти одам, табодули таҷрибаи якхелаи татбиқи қонунҳо, ба талаботи меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ ҷавобгӯ будани сифати таҳқиқу тафтиши пешакӣ, тақвият бахшидан ба нақши судҳо дар баррасии парвандаҳо ҷиҳати таъмин ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, иҷрои барномаҳо, стратегияҳо, консепсияҳо ва нақшаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт иборат мебошад.

Бо мақсади пурзӯр намудани раванди манъшавии эпидемияи ВНМО дар Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати кишвар «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва Нақшаи амалигардонии он тасдиқ шудааст.

Дар ҳамоиш яке аз самтҳои асосии барномаи миллиро бартараф намудани монеаҳои мавҷуда ва мустаҳкам намудани муҳити дастгиркунанда барои пешгирии эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам унвон намуданд.

Дар кори анҷуман судяҳои Суди Олӣ, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагони дигар мақомот вобаста ба мавзӯъҳои «ВНМО дар заминаи ҳуқуқи ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва мурофиавӣ: дастрасӣ ба адолати судӣ», «Ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ бо парвандаҳои марбут ба сирояти ВНМО», «Фарзандхондӣ, васоят ва парасторӣ аз ҷониби шахсони бо ВНМО зиндагикунанда», «ВНМО ҳамчун монеа барои бастан ва асос барои бекор кардани ақди никоҳ» ва ғайра маърӯза намуданд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар анҷумани мазкур мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон ва Туркия ба тариқи маҷозӣ иштирок ва дар хусуси таҷрибаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар соҳаи муқовимат бо Вируси норасоии масунияти одам изҳори назар намуданд.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 24, 2022 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд