Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаҳо оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид

Февраль 19, 2022 09:31

ДУШАНБЕ, 19.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаҳои амалӣ ва ба нақша гирифташуда оид ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва дигар соҳаҳои муҳити зист дар вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел дар Душанбе баррасӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел имконоти бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳияи лоиҳаҳои нави эҳтимолӣ таъкид намуд.

Инчунин мусоҳибон зимни гуфтушунид оид ба таҳияи лоиҳаҳои нав, иштирок дар ташаббусҳои ояндаи Кумита дар сатҳи миллӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ ба тавофуқ расиданд.

 

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Февраль 19, 2022 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд