Дар роҳи Рӯшон – Бартанг ду ҳодисаи лағжиши тарма ба қайд гирифта шуда, хатар ҳамоно боқист

Февраль 16, 2022 15:16

ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари бориши шадиди барф дар чанд рӯзи охир дар роҳҳои Душанбе – Айнӣ, Рашт – Сангвор, Ванҷ -Рӯшон – Хоруғ- Ишкошим хатари лағжиши тарма ва резиши санг боқӣ мондааст, хабар доданд ба АМИТ “Ховар” дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта, соати 13:40-и вақти маҳаллӣ дар километрҳои 51 ва 53 роҳи мошингарди Рӯшон – Бартанг, ки аз тариқи рустои Даржом мегузарад, ду ҳодисаи лағжиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Барои поксозии роҳ хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ техникаи махсус ҷудо кард, ки ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ карда, пайомадҳои ҳар офат сари вақт бартараф карда мешаванд.

 

АКС: КҲФ ва МГ

Февраль 16, 2022 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд