Дар Тоҷикистон боридани барф, хатари лағжиши тарма ва резиши санг то 11 феврал боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, бар асари рӯзҳои охир гарм шудани ҳаво ва боридани барф то 11 феврал дар силсилакӯҳҳои Ҳисор, Туркистон ва Зарафшон ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағжиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад. Дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Рашт — Лахш, Рашт-Сангвор, Кӯлоб- Дарвоз, Ванҷ- Рӯшон-Хоруғ, Хоруғ -Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб яхбандӣ, тӯда шудани барф дар назар буда, эҳтимол лағжиши тармаву резиши санг низ ба амал ояд. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба сокинон ва меҳмонон якчанд тавсияҳоро пешниҳод менамояд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар ин гуна рӯзҳо аз равуои безарурат худдорӣ намоянд. Рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, ширкоргоҳ ва чоравочаронӣ низ бехатар нест.
Ронандагон қабл аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, пеш аз ҳама, бояд маълумоти зарурӣ дар бораи хати сафар дошта бошанд.
Ба хотири таъмини амнияти худ ва ҳамсафаронатон ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаред, оҳиста ва дур равед. Фаромӯш накунед, ки шуморо ҳамеша фарзандону пайвандонатон интизоранд.
Риояи фосила миёни мошинҳо тадбири муҳими таъмини амнияти шумо ва равандагони ин роҳ аст. Онро ҳатман риоя намоед!
АКС: КҲФ ва МГ








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






