Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» таҳия мешавад
ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори таҳияи Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷараён дошта, ин ҳуҷҷати муҳим дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад. Ин нуктаро Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода 2 феврал зимни нишасти матбуотии вазорат ба хабарнигорон баён намуд.
Ба зикри вазир, дар баробари стратегия ҳамзамон лоиҳаи сармоягузории рушди «иқтисоди сабз» таҳия гашта истодааст, ки аллакай шарикони рушд ҳавасмандии худро ба он зоҳир кардаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи «иқтисоди сабз» дар соҳаи энергетика, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.
«Иқтисоди сабз» яке аз самтҳои муосири илми иқтисод мебошад, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба он беш аз пеш меафзояд. Коршиносон мегӯянд, ки «иқтисоди сабз» дар оянда ҳама соҳаҳоро фаро мегирад. Аз ҷумла, дар соҳаи кишоварзӣ ба ҷои нуриҳои минералӣ истифодаи нуриҳои органикӣ (поруи чорвою паранда, пӯсидаи хазону пасмондаи рустаниҳо), ба ҷои заҳрхимикатҳо усули биологии ҳимояи зироат, бунёди гармхонаҳои офтобӣ, ба роҳ мондани усули қатрагии обёрии зироат, захира намудани оби барфу борон дар мавзеъҳои камоб дорои манфиати зиёди иқтисодию экологӣ мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди «иқтисоди сабз» қадамҳои устувор гузоштааст. Тавре маълум аст, бо шарофати энергетикаи обӣ Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро мегирад.
Дар ин роҳ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиду сохтмони неругоҳҳои обӣ идома дошта, ба наздикӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсоли электромобил, электробус ва электротроллейбус оғоз мегардад, ки идомаи мантиқии сиёсати ҳукумат дар роҳи рушди «иқтисоди сабз» мебошад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






