Давраи нави омӯзишӣ оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои кормандон ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 05.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хавфи офатҳои табиӣ курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Омӯзиш оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои рушди Стратегияи барномаи таълимӣ якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон» ҷараён дорад, ки имрӯз ба анҷом мерасад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
Дар давраи омӯзишӣ кормандони раёсатҳои Кумита дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва шуъбаи Кумита дар ноҳияи Нуробод иштирок мекунанд.
Мақсади омӯзиш баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, қобилияти нишон додан ва истифода бурдани воситаҳои ҳассос ва фарогир дар харитасозии хатарҳо бо истифода аз арзёбии хатари офатҳои табиӣ (хатар, осебпазирӣ ва арзёбии эҳтимолӣ) мебошад.
Ҳмазамон кормандон бо тарзи гузаронидани арзёбии муштараки хатарҳо дар банақшагирӣ, мониторинг, арзёбӣ ва омӯзиш шинос карда мешаванд.
АКС: КҲФ ва МГ








Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






