ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар маҳаллаи Сари Осиё беш аз 450 бех ниҳоли ороишии ҳамешасабз шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Сари Осиёи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт беш аз 450 бех ниҳоли ороишии ҳамешасабз шинонида шуд. Ниҳолҳо зери назорати мутахассисон бо риояи талаботи агротехникӣ шинонида шуда, нигоҳубин ва сари вақт обёрӣ намудани онҳо ба зиммаи масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ вогузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин мавзеъ беш аз 2 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида, дар таъмини ободонию шукуфоии пойтахти Ватани азизамон- шаҳри Душанбе ҳисса гузорад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вобаста ба сарсабзу шукуфон гардонидани пойтахт дастгирӣ намуда, дар беҳдошти муҳити зист ва тақвияти корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ саҳм гузошта истодааст.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






