Фаъолияти сомонаҳои kasb.tj, kor.tj, shugl.tj кори касбомӯзон ва корҷӯёнро осон мегардонад
ДУШАНБЕ, 10.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва истифодаи бештари шаҳрвандон аз хизматрасониҳо сомонаҳои www.kasb.tj, www.kor.tj, www.shugl.tj фаъол гардиданд. Ҳамчунин Портали ягона дар самти шуғл ва таълими калонсолони Тоҷикистон ва Махзани маълумоти хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъсис дода шуд, ки барои дастрасии маълумоти расмию саривақтии корбарон шароити мусоид фароҳам меоранд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 феврал оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2021 баргузор гардид, хабар дода шуд.
Доир ба ин мавзӯъ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода иброз дошт, ки «соли 2021 вазорат бо мақсади таъмини сифати хизматрасониҳо ба низоми рақамӣ афзалият дода, барои ҷалби сармоя ҷиҳати васеъ намудани хизматрасониҳои рақамӣ Форуми ҳамкорӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро баргузор намуд».
-Дар доираи нақшаҳои рақамикунонии соҳа ду ёддошти тафоҳум байни вазорат ва Ташкилоти ҷамъиятии «Tajrupt.ai» ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сармояи рақамї» доир ба ҳамкорӣ дар самти рушди соҳаҳои шуғл, таълимоти касбӣ, интихоби касб бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, рушди салоҳиятҳои донишҷӯён ва кормандони самтҳои меҳнат ва таълимоти касбӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва инчунин оид ба таҳия ва татбиқи Низоми ягонаи баҳисобгирии электронии шатрномаҳо ва дафтарчаҳои меҳнатї ба имзо расонида шуда, корҳо дар ин самт оѓоз гардиданд,- шарҳ дод вазир.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд






