Фархор: Дар мавзеъҳои осебпазири соҳили дарёҳои Панҷ ва Сурхоб корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд

Февраль 7, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор барои пешгирии хавфи офатҳои табиӣ бо истифода аз механизмҳои зарурӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо вусъат идома дошта,   то баланд шудани сатҳи оби дарёи Панҷу Сурхоб ва омадани селҳои мавсимӣ бояд  қисматҳои осебпазир бо гузаронидани корҳои заминӣ, гузоштани тахтасангҳо ва сохтани садду обгардонҳо аз нав барқарор карда шаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти раиси ноҳия.

 Дар ин мавзеи соҳили дарёи Сурхоб, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ватан баъди барқарорсозии қисмати осебпазири соҳил канали обрасонӣ барқарор ва қариб 300 гектар заминҳои солҳо бекорхобида баробари анҷом додани ин тадбир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд.

Аз ҳисоби тағйир ёфтани маҷрои оби дарёи Сурхоб дар ҳудуди ду деҳа давоми чанд соли охир қисман заминҳои корами обии шафати соҳил шуста шудаанд. Баъд аз барқарорсозии қисмати осебпазири соҳил хавфи шусташавии ин заминҳо низ пешгирӣ карда мешавад.

 АКС: Маркази матбуоти Раиси н.Фархор

Февраль 7, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад