Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2022 14:30

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Имомзода М.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№343

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи директори Маркази миллии
тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Икромӣ Х.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Икромӣ Хуршед Икром бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№344

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи
маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Саидзода Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Саидзода Шоҳин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№345

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси суди
вилояти Хатлон озод намудани Бойзода Т.Г.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Бойзода Темур Гулбой бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№346

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Саидзода Р.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Саидзода Раҳим Ҳамро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№347

 

САИДЗОДА Раҳим Ҳамро

аз 21 феврали соли 2022 дар вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад

Соли таваллуд 7 июни соли 1969             Ҷойи таваллуд ноҳияи Ҳамадонӣ

Миллат тоҷик                                                   Таҳсилот олӣ

Соли 1993 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос  муҳандис-механик

Унвони илмӣ доктори илмҳои техникӣ (2018),  и.в.профессор (2018)

Кадом забонҳои  хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не  не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ соли 1999

Мукофоти соҳавӣ: Аълочии маориф Тоҷикистон соли 2010

Вазъи оилавӣ  оиладор, соҳиби 5 фарзанд

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1986-1993- Донишҷӯйи Институти политехникии Тоҷикистон
(ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ)
Солҳои 1987-1989- Хизмат дар сафи Қувваҳои муссалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ
Солҳои 1995-1997- Ассистенти кафедраи  “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология”
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ
Солҳои 1997-1999- Муаллими калони кафедраи “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология”
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ
Солҳои 2003-2003- Сардори сектори илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ
Солҳои 2003-2005- Мудири  кафедраи “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология” Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ
Солҳои 2004-2005- Муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ
Солҳои 2005-2009- Директори Колеҷи политехникии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ
Солҳои 2009-2010- Сардори раёсати атестатсия, акредитатсия  ва иҷозатномаҳои
муассисаҳои таълимии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010- 2011- Муовини сардори Хадамоти давлатии  назорат  дар соҳаи маорифи Вазорати  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011- 2015- Сардори Хадамоти давлатии  назорат  дар соҳаи маорифи Вазорати  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015- 2017- Сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати  маорифи  ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2017-2019- Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
Солҳои 2019-2020- Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» дар ш. Душанбе

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори Маркази миллии
тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷаъфарзода С.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№348

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини директори Агентии назорати
маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳимзода Р.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
фармон медиҳам:

Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№349

Февраль 21, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Муғулистон дар Қасри миллат
Оғози сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон