Хайринисо Юсуфӣ туҳфаҳои Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро ба кӯдакони имконияташон махдуди шаҳри Хоруғ расонид

Февраль 26, 2022 14:51

ДУШАНБЕ, 26.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал муовини Раиси Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ аз ташкилоти ҷамиятии «Маркази НУР» дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуда, аз номи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони имконияташон махдуд туҳфаҳо супорид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ҲХДТ.

Аз ҷониби муовини Раиси ҲХДТ ва роҳбарияти вилоят ба шогирдони филиали Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон» дар ноҳияи Рўшон либос ва пойафзоли гарми зимистона тақдим гардид. Туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба 31 нафар донишҷўёни ин муассисаи махсус дастрас шуданд, ки ин боиси хурсандии шогирдону устодон гардид.

Хайринисо Юсуфӣ аз иқдомҳои хайрхоҳонаи роҳбарияти ҲХДТ ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар ҳама мулоқот ва суханрониҳояшон Пешвои миллат ин қишри ниёздоштаи ҷомеаро пайваста дастгирӣ намуда, шахсони саховатпеша ва соҳибкоронро ба корҳои хайру эҳсонкорӣ ҳидоят менамоянд.

«Дар ҷавоб ба ин дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ҳар яки шумо бояд дар омўхтани касб ҷиддӣ бошед, то дар зиндагӣ ба мушкилот дучор нагардед», — таъкид кард Хайринисо Юсуфӣ.


Дар ин радиф тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии таълимии Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рўшон ба номи Додихудо Карамшоев аз мадди назари Пешвои муаззами миллат дар канор намонданд. Ба муассиса дар Рўзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар кўмаки навбатии маводи ғизоӣ, аз қабили орду биринҷу равған, шакар, пиёзу картошка, гўшт ва дигар номгўи маҳсулоти ниёзи аввал дар ҳаҷми 2,5 тонна дастрас гардид.

Зикр шуд, ки ин муассисаи сатҳи ҷумҳуриявӣ бо дастгирии роҳбарияти давлат соли 2010 бо тамоми шароити муосир бунёд гардида, дар он 170 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 33 омўзгор ва 15 муарббия ба фарзандони зодаи истиқлол таълим медиҳанд.

Устодону шогирдони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рўшон минатдории худро ба Пешвои миллат баён карданд, ки дар ҳама фасли сол нисбат ба хонандагони чунин муассисаҳои иҷтимоӣ ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Роҳбарияти вилоят ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешайвони бино бо устодону хонандагони муассисаи таълимӣ мулоқот намуданд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми имконияту шароитро фароҳам оварда, ҳазорҳо муассисаҳои таълимии типи ҷаҳониро дар мамлакат дар ихтиёри ҷавонону наврасон қарор доданд. Роҳбарияти вилоят таъкид дошт, ки имрўзҳо дастпарварони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмун ва олимпиадаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, танҳо дар соли 2021 83 медал ба даст овардаанд.

Аз ҳайати омўзгорон тақозо шуд, ки дар баробари таълим ба тарбияи шогирдон диққати ҷиддӣ дода, тарбиятгирандагонро дар рўҳияи ватандўстӣ ва садоқат ба Ватан-Модар ба воя расонанд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рўшон коргоҳи дӯзандагӣ бо таъмини намудани ҷойи кор барои 30 нафар бонувон таъсис ёфт. Ба коргоҳи дузандагӣ аз ҷониби Пешвои миллат 15 мошинаи дарздўзӣ тақдим гардид.

Хайринисо Юусуфӣ саҳми занону модарони Рўшонро дар рушди вилоят шоистаи таҳсин хонда, зикр намуд, ки бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рўшон боз як коргоҳи дўзандагӣ фаъол гардид, ки дар таъмини занони хонанишин бо шуғл мусоидат намуд.

Бояд гуфт, ки бо гранти президентӣ дар ҳудуди ноҳияи Рўшон 5 коргоҳи хурд фаъолият доранд, ки дар онҳо аз 3 то 6 нафар ба кор таъмин шудаанд.

Роҳбарияти вилоят барои дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори сипоси Ҳукумати вилоятро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.


Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот гуф, ки занони сарбаланди ноҳия барои дар оянда афзун намудани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ лоиҳаҳои сармоягузории худро таҳия карда, ба мақомоти ноҳия ва вилоят пешниҳод намоянд.

 

Аксҳо: КИ ҲХДТ

Февраль 26, 2022 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд