КҲФ ВА МГ ХАБАР МЕДИҲАД: Дар роҳҳои ВМКБ тарма фаромада, хатар барои ҳаракати мошинҳо боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ВМКБ 13 феврал, соати 16:30 дар километри 31-32 роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим, дар мавзеи Баржири Ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим ва километрҳои 51-52 мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим тарма фаромада, роҳи нақлиётро пурра баст. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Барои тоза намудани роҳ аз тарафи МДНРА ноҳияи Ишкошим 1 адад техникаи муҳандисии булдозери ДТ-75 сафарбар гардида, тахминан соатҳои 21:34 роҳи бастаи километрҳои 51-52-юми мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим пурра боз шуд.
Корҳои бартарафсозии пайомадҳои тарма дар километрҳои 31-32 мавзеи Баржири Ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим идома дошта, айни ҳол роҳ баста мебошад.
Ҳамчунин 13 феврали соли 2022, соати 16:55 дар километри 8-уми роҳи дорои аҳамияти маҳаллии Хоруғ-Ишкошим, мавзеи Ниводаки шаҳри Хоруғ, километрҳои 18-24-уми деҳаи Пиши Ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов ва тахминан соатҳои 18:00 дар километри 30-юми деҳаи Нишуспи Ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов тарма фаромада, роҳро муваққатан баст.
Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада 1 адад техникаи муҳандисӣ боркунаки фронталӣ аз МДНРА ноҳияи Шуғнон сафарбар гардида, соати 18:32 дар километри 8-ум, соати 20:40 дар километрҳои 18-24 ум ва соати 22:40 дар километри 30-юм роҳ боз шуд. Ҳоло равуои нақлиёт дар ду самт ба роҳ монда шуда, монеа нест.
КҲФ ва МГ чун ҳамеша аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд. Баъди бориши рӯзҳои охир гармии ҳаво боис шудааст, ки хавфи лағзиши тармаву резиши санг бештар шавад. Аз ин рӯ, хуб мебуд муваққатан аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ карда шавад.
АКС: КҲФ ва МГ








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






