Кишоварзони Лахш беш аз 100 ҳазор тонна картошка ҷамъ оварда, 43 ҳазор тоннаашро содирот намуданд
ЛАХШ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо саъю талош ва меҳнати шабонарӯзии деҳқонони ноҳияи Лахш дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 100 ҳазору 9 тонна картошка ҷамъоварӣ гардид. То имрӯз ба шаҳру навоҳии мамлакат зиёда аз 43 ҳазор тонна картошкаи хушсифат содирот шуда, 11 ҳазору 600 тонна картошкаи тухмӣ захира карда шудааст. Ин матлабро раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Зикр шуд, ки соли 2021 ҷиҳати дастгирии соҳибкорону кишоварзон ва эҳтиёҷмандон аз тарафи ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», ФҚҲ «Эҳёи кӯҳистон», шуъбаи БДА «Амонатбонк» ва ФҚҲ «Боршуд» ба 1324 нафар сокинони ноҳия 13 миллиону 215,2 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шуданд. Аз ҷумла, барои рушди соҳаи кишоварзӣ 419 нафар картошкапарвар 6 миллиону 343,4 ҳазор сомонӣ ва 257 нафар чорводор 2 миллиону 853, 3 ҳазор сомонӣ қарз гирифтаанд.
Тавре дар нишасти матбуотии ноҳияи Лахш зикр шуд, картошкапарварони ноҳия соли 2021 дар майдони умумии 5333,2 гектар картошка кишт намудаанд, ки ба заминҳои сохтори кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ рост меояд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






