Кишоварзони Лахш беш аз 100 ҳазор тонна картошка ҷамъ оварда, 43 ҳазор тоннаашро содирот намуданд

Февраль 7, 2022 09:55

ЛАХШ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Бо саъю талош ва меҳнати шабонарӯзии  деҳқонони ноҳияи Лахш дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ  100 ҳазору 9 тонна картошка ҷамъоварӣ гардид. То имрӯз ба шаҳру навоҳии мамлакат зиёда аз 43 ҳазор тонна картошкаи хушсифат содирот шуда,  11 ҳазору 600 тонна  картошкаи тухмӣ захира карда шудааст. Ин матлабро раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Зикр шуд, ки соли 2021 ҷиҳати  дастгирии соҳибкорону кишоварзон ва эҳтиёҷмандон аз тарафи ҶСП  «Аввалин бонки молиявии хурд», ФҚҲ «Эҳёи кӯҳистон»,  шуъбаи БДА «Амонатбонк» ва ФҚҲ «Боршуд» ба 1324  нафар сокинони ноҳия  13  миллиону 215,2 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шуданд. Аз  ҷумла, барои рушди соҳаи кишоварзӣ 419 нафар картошкапарвар 6 миллиону 343,4 ҳазор сомонӣ ва 257 нафар чорводор 2 миллиону  853, 3 ҳазор сомонӣ  қарз гирифтаанд.

Тавре дар нишасти матбуотии ноҳияи Лахш зикр шуд, картошкапарварони ноҳия соли 2021 дар майдони умумии 5333,2 гектар картошка кишт намудаанд, ки ба заминҳои сохтори кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ рост меояд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2022 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд