Кодекси нави андози Тоҷикистон ба соҳибкорон ва сармоягузорон муаррифӣ гардид

Февраль 25, 2022 09:38

ДУШАНБЕ, 25.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муаррифии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба соҳибкорону сармоягузорон бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо Вазорати молия, Кумитаи андоз, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Шӯрои тиҷоратии ИМА ва Тоҷикистон бо аҳли намояндагии зиёда аз понздаҳ ширкати амрикоӣ дар шакли маҷозӣ мулоқот баргузор карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар доданд, вохӯрӣ бо суханони ифтитоҳии муовини раиси Кумита Хуршедаи Қодир, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фаррух Ҳамрализода ва директори иҷроияи Шӯрои тиҷоратии ИМА ва Тоҷикистон (USTJBC) Елена Сон оғоз шуда, дар робита ба ҳолати муносибати ҳамкории кишварҳо ва рушди густурдаи минбаъдаи онҳо табодули афкор анҷом дода шуд.

Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки аз 1 январи соли 2022 дар ҷумҳурӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт, ки дар таҳияи он коршиносони маҳаллию байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Осиёгии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва дигар шарикони тиҷоратӣ ҷалб гардиданд. Он дар заминаи омӯзиши таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя тарҳрезӣ гардида, таклифу пешниҳодҳои намояндагони бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва ташкилоти молиявӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Изҳор гардид, ки ҳадаф аз таҳия ва қабули санад- ин ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар, сода ва оммафаҳм намудани муқаррароти он, муносибгардонии меъёрҳои андоз ва пешбинӣ гардидани имтиёзҳои иловагӣ барои бахши хусусӣ, ки дар маҷмӯъ мувозинатро миёни сиёсати фискалӣ ва ҳавасмандгардонии сармоягузорию бахши хусусӣ таъмин мекунад, маҳсуб мешавад.

Зимнан, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА оид ба муқаррароти маъмурикунонии расмиёти андоз, меъёрҳои андозӣ ва амалигардонии сиёсати раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ рӯнамо манзур намуданд.

Дар ҷамъбаст зикр карда шуд, ки дар шароити имрӯза баргузор намудани чунин чорабиниҳо муҳим буда, дар назар аст, ки дар ояндаи наздик аз рӯи соҳаҳо байни бахши хусусии ду кишвар силсилавохӯриҳои маҷозӣ ташкил карда шаванд.

 

АКС аз бойгонии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Февраль 25, 2022 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид