Кормандони соҳаи тиб бо борхалтаҳои тиббӣ таъмин гардиданд

Февраль 1, 2022 13:21

ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони муассисаҳои давлатии таълимӣ дар самти тибби оилавӣ борхалтаҳои тиббӣ дастрас гардид, ки дар онҳо таҷҳизоти зарурӣ барои расонидани ёрии таъҷилии тиббию санитарӣ ва ташхиси аввалин мавҷуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳадаф аз иқдоми мазкур беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва заминаи моддию техникӣ дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ мебошад.

Борхалтаҳои тиббӣ ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» ва зерсохторҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кафедраи тибби оилавии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи Маркази саломатии шаҳрии №1 дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.

АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Февраль 1, 2022 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ