Болоравии нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ дар назар нест
ДУШАНБЕ, 12.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имсол баландшавии нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ, рафъи партовобҳо, чарогоҳҳо ва полезӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилии коммуналӣ» дар назар нест. Дар ин бора директори генералии корхона Усмон Давлатзода 11 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои мавсуф, нархномаи хизматрасонӣ дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.2018 аз 1 октябри соли 2018 дар амал ҷорӣ шуда, то ҳол тибқи он иҷро карда мешавад. Ҳоло барои тағйир додани ин нархнома аз ҷониби корхона пешниҳод нашудааст ва он имсол низ дар назар нест.
Иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригардида кормандони корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 196 млн. 627,1 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2020 14 млн 760 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 108 фоизро ташкил медиҳад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар» ва сомонаи www.khmk.tj









Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






