Маркази миллии қонунгузорӣ «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ» нашр намуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва ягонакунии истилоҳоти қонунгузорӣ аз ҷониби маркази мо 11 045 истилоҳи ҳуқуқӣ ҷамъоварӣ гардида, дар заминаи он «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ» омода ва нашр шуд. Дар ин бора имрӯз, директори Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба доираи васеи намояндагони ВАО хабар дод.
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида ба 6 қонуни ҷумҳурӣ тафсири илмию амалӣ намуда, тасмим гирифтааст, ки имсол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон»-ро тафсир намояд.
Ба гуфтаи Иззатулло Саидзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бевосита бо институтҳои байналмилалӣ сару кор мегирад ва бинобар ин марказ тасмим гирифтааст, ки қонуни мазкурро мавриди тафсир қарор диҳад. Ҳамчунин шуъбаи қонунгузории молия, андоз ва гумруки марказ тасмим гирифтааст, ки Кодекси андозро дар таҳрири нав зина ба зина тафсир намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 қонун мавчуд буда, тафсири якбораи ҳамаи онҳо ғайриимкон мебошад. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад қонунҳоеро, ки талабот ба онҳо бештар буда, муносибатҳои зиёди ҷамъиятиро ба танзим медароранд, зина ба зина мавриди тафсир қарор диҳад.
Зимни нишасти матбуотӣ зикр карда шуд, ки соли сипаригардида 9 қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар оянда такмил додани меъёрҳои онҳо аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






