Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Ниинистё
ДУШАНБЕ, 26.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Финляндия муҳтарам Саули Ниинистё ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Финляндия муҳтарам Саули Ниинистё омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Дар иртибот ба 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро иброз намоям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои мо арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифта, имрӯзҳо дар марҳалаи рушди бомароми худ қарор доранд.
Ҷониби Тоҷикистон алоқаманди пешбурди минбаъдаи ин раванд мебошад ва мо омодаем, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити ҳарчи бештар мусоид барои таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳамкории судманди миёни ду кишвар талошҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳем.
Бо таҷдиди табрикоти хеш ба ҷаноби Президент саломатии комилу комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Финляндия амну амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзу дорам».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Финляндия муҳтарам Саули Ниинистё ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Шуморо ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Финляндия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 феврали соли 2022 таҷлил мегардад, табрик менамоям.
Дар баробари таманниёти гарми худ ба кишвари Шумо ва мардуми он рушду шукуфоӣ хоҳонам.
Боварӣ дорам, ки дар оянда ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо таҳким ва густариш хоҳанд ёфт.
Лутфан изҳори эҳтироми олии маро қабул кунед».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






