Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод шинос гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо ҳамроҳии муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода аз фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод дидан намуда, бо вазъи хизматрасонӣ дар ин муассисаҳои тандурустӣ аз наздик шинос шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода бо ҷараёни хизматрасонии тиббии беморхонаҳои ноҳияҳои мазкур шинос шуда, бо наздикони беморон суҳбат намуданд ва доир ба хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» итттилоъ дода буд, гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт сафар намуд. Ба ҳайати гурӯҳи мазкур роҳбарияти вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш шомил мебошанд.
Дар доираи сафар ба минтақаи Рашт гурӯҳи корӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода, аз вазъ ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, таълимӣ, тандурустию солимгардонӣ, қасру хонаҳои фарҳанг, китобхонаю осорхона, мактабҳои санъату мусиқӣ, мактаб-интернатҳо, инчунин, муассисаҳои нав сохташаванда дидан менамояд ва барои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти онҳо тавсияву дастурҳои мушаххас манзур мекунад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






